Мақолаҳо
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ГУСТАРИШИ ОМЎЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
Ҷомеаи имрӯзаро бе илму маърифат, сулҳу оромӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дониш ҳамчун қувваи созанда ва сулҳ ҳамчун заминаи асосии зиндагии осоишта ду пояи калидии пешрафти давлатдорӣ ва миллати тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Илм инсонро аз ҷаҳолат ва нодонӣ дур месозад, ӯро ба сӯи шуурнокӣ, ахлоқи нек, созандагӣ ва рушд раҳнамоӣ мекунад. Шахси доно дорои эътимоди бештар ба худ буда, воқеиятро дуруст дарк менамояд ва қодир аст дар ободии муҳити атроф ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.
Дар сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамеша ҳамчун самти муҳим ва афзалиятнок баррасӣ мешавад, зеро танҳо тавассути низоми таҳсилоти босифат ҷомеа метавонад зеҳни эҷодӣ, неруи таҳлилӣ ва сармояи инсониро, ки асоси рушди устувор мебошад, парвариш кунад. Маориф танҳо василаи интиқоли дониш ва таҷрибаи наслҳо нест, балки ҳамчун абзори стратегии муҳим амал мекунад, ки барои мутобиқ сохтани ҳадафҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлат замина фароҳам меорад. Дар доираи назарияи иқтисоди муосир, маориф як навъи сармоягузории дарозмуддат ба сармояи инсонӣ ба ҳисоб меравад, ки натиҷаҳои он дар баланд шудани ҳосилнокии меҳнат, тавоноии қувваи корӣ ва болоравии рақобатпазирии миллӣ инъикос меёбад. Бинобар ин, нақши калидии маориф дар сиёсати давлатӣ аз он сарчашма мегирад, ки пешрафти иқтисод ва суботи иҷтимоӣ мустақиман бо сатҳи дониш, малака ва худогоҳии шаҳрвандон вобаста аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вусъат ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз муҳимтарин омилҳои пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ арзёбӣ мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳнамоӣ ва сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки барои ҷавобгӯйи талаботи замони муосир будан, ҷавонон бояд баробари аз худ намудани забони модарӣ, ба омӯзиши чанд забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, таваҷҷуҳ намоянд. Зеро маҳз донистани забонҳои хориҷӣ заминаи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, фаъолияти самаранок дар бозори байналмилалии меҳнат ва ташаккули мутахассисони рақобатпазирро фароҳам месозад.
Бо ибтикори Роҳбари давлат омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаҳои томактабӣ ба роҳ монда шуда, дар муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои муосир таъсис дода мешаванд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сифати таълим омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб гардида, барномаҳои таълимӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ такмил меёбанд. Илова бар ин, тавассути баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва фароҳам овардани шароити мусоид, ҳавасмандии онҳо ба забономӯзӣ тақвият меёбад.
Дар даврони истиқлол ҳазорҳо ҷавони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил намудаанд, ки ин натиҷаи сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос мебошад. Аз замони истиқлол беш аз 117 ҳазор ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳо ва марказҳои таҳсилоти олӣ дар Аврупо, Осиё ва Амрико таҳсил намуда, соҳиби маълумоти касбӣ ва малакаи амалӣ гардидаанд. Айни ҳол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар зиёда аз 42 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва ин рақам сол ба сол афзоиш меёбад.
Ин омор на танҳо шаҳодат аз афзоиши имкониятҳои омӯзишӣ ва дастрасии ҷавонон ба таҳсилоти баландсифат аст, балки нишондиҳандаи таъсири мусбати сиёсати давлат ва дастгирии Пешвои миллат дар самти густариши забономӯзӣ мебошад. Донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ на танҳо малакаи забонҳои хориҷиро аз худ мекунанд, балки таҷрибаи байналмилалӣ, тарзи кор ва ҳамкории касбиро меомӯзанд, ки пас аз баргаштан ба кишвар ба рушди неруи зеҳнӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии иқтисод ва ҷомеа мусоидат менамояд.
Бо фароҳам овардани чунин шароити омӯзишӣ ва дастгирии забономӯзии ҷавонон, Тоҷикистон тавонистааст насли ҷавони худро бо донишҳои зарурӣ ва малакаи баланд барои кор ва фаъолияти самаранок дар сатҳи ҷаҳонӣ омода созад. Ин раванд инчунин ба таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани ҷойгоҳи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири мусбат мерасонад.
30 августи соли 2025 бо ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни Рӯзи дониш ва дарси сулҳ баргузор гардид. Ин чорабинӣ на танҳо оғози расмии соли нави таҳсилро ифода мекунад, балки дорои аҳамияти рамзии бузург низ мебошад. Пеш аз ҳама, он ҳамчун нишонаи устувории сулҳу оромӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва болоравии худогоҳии шаҳрвандон маънидод мегардад.
Иқдоми баргузор намудани ин маросим бо иштироки роҳбарияти олии кишвар ва намояндагони қувваҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба як паёми умумифарогир табдил меёбад, ки арзиши сулҳро ҳамчун пояи давлатдорӣ ва заминаи рушди устувори миллӣ боз ҳам равшан месозад. Баргузор шудани он дар оғози соли нави таҳсил низ рамзи равшани робитаи сулҳ ва дониш аст, зеро ин ду мафҳум ҳамдигарро такмил медиҳанд: бе оромию субот шароити таълиму тарбия муҳайё намешавад ва бе дониш ҳифзи сулҳ ва идомаи рушд ғайриимкон мегардад.
«Дарси сулҳ», ки имрӯз ба як анъанаи устувори маънавию иҷтимоии ҷомеа табдил ёфтааст, ҳамасола дар аввали соли хониш бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад. Ин иқдом аз чанд ҷиҳат дорои аҳамияти хос ва мазмуни амиқ мебошад.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат чунин иброз доштанд: «Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст. Яъне асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад. Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони азизи мо барои илму донишомӯзии насли наврас ва ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд».
Дар Паёми соли ҷорӣ низ ишора шуд, ки бо вусъат ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ, ниёз ба мутахассисоне, ки ҳам дониши баланд ва ҳам забонҳои хориҷӣ, махсусан русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз ба рӯз меафзояд. Бо дастури Пешвои миллат омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд аз зинаҳои томактабӣ роҳандозӣ гардад.
Ҳамзамон, барои татбиқи ин дастурҳо дар муассисаҳои таҳсилӣ синфхонаҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ҷалб карда мешаванд. Ҳадаф фароҳам овардани шароити мусоид барои забономӯзӣ ва тарбияи мутахассисони соҳибихтисос мебошад. Дар ин раванд вазифаи муҳаққиқон, омӯзгорон ва зиёиён он аст, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ҳамчун роҳнамо қабул карда, барои ба зинаи баланди илм ва забондонӣ расондани хонандагон ва донишҷӯён аз донишу таҷрибаи худ истифода намоянд. Барои расидан ба сатҳи ҷаҳонии илмӣ ва забондонӣ, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълим амри зарурӣ мебошад.
Ҳамин тавр, саҳми Пешвои миллат дар густариши забономӯзии хориҷӣ на танҳо ба болоравии сатҳи дониш ва маърифати насли наврас равона шудааст, балки ҳамчун омили муҳими таҳкими ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ низ арзёбӣ мегардад. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки ба донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дохил шаванд, таҷрибаи байналмилалӣ ба даст оранд ва малакаҳои касбӣ ва таҳлилиро такмил диҳанд.
Дар натиҷа, ин насли доно ва забондӯст пас аз баргашт ба ватан на танҳо метавонад дар рушди иқтисод ва илму техника саҳми худро гузорад, балки бо дониши ҷаҳонӣ ва малакаи муносибати байналмилалӣ ҷиҳати таҳкими нуфуз ва обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хизмат менамояд.
Ҳамчунин, сиёсати Пешвои миллат дар густариши забономӯзӣ ба таҳкими фарҳанг ва ҳувияти миллӣ низ таъсир мерасонад. Зеро ҷавонон бо донистани забонҳои хориҷӣ метавонанд таҷриба ва донишҳои ҷаҳониро аз худ кунанд, ҳамзамон, ҳифзи забони модарӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ ҳифз мешавад.
Бо ин роҳ, густариши забономӯзӣ на танҳо як раванди таълимӣ, балки омили муҳими рушди устувор, ҳамгироии байналмилалӣ ва таҳкими иқтидори башарии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин амалиёт нишон медиҳад, ки сиёсати давлат ва роҳбарии Пешвои миллат дар самти таълиму тарбияи ҷавонон ва омода намудани кадрҳои соҳибмаърифат ва рақобатпазир натиҷаҳои назаррас ва давомдор дорад.
Гулпарӣ Ҳусейнова, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ
