Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ИСТИҚЛОЛ - РАМЗИ ОЗОДӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

     Истиқлол барои ҳар як миллат рамзи озодӣ, озодандешӣ ва худшиносӣ мебошад. Ҳар миллат орзу дорад, ки соҳиби давлатдории мустақил бошад, то ки сарнавишти худро худ муайян намояд. Мардуми тоҷик, ки таърихи чандҳазорсолаи давлатдорӣ доранд, дар тули асрҳо борҳо давлати худро аз даст додаанд ва таҳти ҳокимияти қудратҳои гуногун қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, орзуи соҳибистиқлолӣ ва озодӣ ҳамеша дар қалбу андешаи ин миллати озодидӯст зинда монд ва ниҳоят, 9 сентябри соли 1991 амалӣ гардид.

     Дар қарни XX миллати тоҷик дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шуравӣ зиндагӣ мекард. Соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил ёфт ва баъдан, 16 октябри соли 1929 мақоми Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро гирифт.

     Ҳарчанд тоҷикон бо кумаки Иттиҳоди Шуравӣ дастовардҳои муайян дар соҳаи иқтисод, маориф ва илм ба даст овардаанд, аммо давлати тоҷикон истиқлоли воқеӣ надошт. Сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ пурра аз Маскав вобаста буд. Забону фарҳанги миллӣ маҳдудият дошт ва бисёре аз қарорҳои муҳими давлатӣ аз ҷониби роҳбари Иттиҳод қабул мешуданд.

    Солҳои 80-уми асри XX бо шуруи сиёсати бозсозӣ дар Иттиҳоди Шуравӣ ҳаракатҳои демократӣ ва истиқлолхоҳӣ дар ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳод ба миён омаданд. Дар Тоҷикистон низ неруҳои миллӣ ва иҷтимоӣ ба фаъолият оғоз карданд. 24 августи соли 1990 Шурои Олии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлоли давлатиро қабул намуд. Ин санад оғози расмии роҳи Тоҷикистон ба истиқлоли комил буд. Миллати тоҷик пас аз асрҳо бори дигар соҳиби давлати комилан мустақил гардид ва имконият пайдо кард, ки ояндаи худро муайян намояд.

     Истиқлоли давлатӣ яке аз муқаддастарин дастоварди таърихӣ ва фараҳбахши миллати тоҷик мебошад. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, ба таъкиди коршиносон, «пойдевори асосии ҷомеа» мебошад ва дар ташаккули давлатдории миллӣ нақши бениҳоят муҳим дорад. Бо дастёбии халқи тоҷик ба истиқлол саҳифаи тозае дар таърихи давлатдорӣ боз гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳайси давлати ҳақиқатан соҳибистиқлол ворид шуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро «саҳифаи нави дурахшон» номида буд. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон бисёр душвор буд. Норасоии иқтисодӣ, барҳам додани низоми собиқ, ихтилофҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992-1997 тул кашид ва боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва харобшавии иқтисод гардид. Аммо бо иродаи қавии миллати тоҷик ва роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Хушбахтона, ба давраи душвори таърихи тоҷикон хотима гузошта шуд ва заминаи сулҳу субот барои рушди минбаъда фароҳам омад. Бо фароҳам омадани соҳибистиқлолӣ, халқи тоҷик тавонист сарнавишти худро мустақилона муайян намояд, арзишҳои таърихиву фарҳангии худро эҳё ва ҳифз кунад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид кардаанд: «Истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ мебошад». Бо шарофати истиқлол Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд шинохта шуд.

    Истиқлол ё худ мустақилияти давлатӣ асоси рушди ҳар кишвар ва кафили ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад. Ин ҷашни давлатӣ барои давлатдории тоҷикон ва ташаккули ҳувияти миллии миллат аҳамияти бузург дорад, ҳамчун кафили рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, маориф ва фарҳанг хизмат мекунад. Дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятнок табдил ёфтааст ва бо дастгирии сиёсати созандаву бунёдгузорандаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар макотиби олӣ ҳар сол омӯзгорону донишҷӯён ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангӣ ноил гардида, ҳадафу нияти хешро амалӣ мекунанд. Ин иқдомот нишон медиҳанд, ки истиқлол рукни асосии давлатдориву пешрафти ҷомеа маҳсуб ёфта, на танҳо давлатдориро устувор мекунад, балки барои худшиносии миллии тоҷикон худ як неруи бузургест. Чӣ тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад». Таъкидҳо дар самти арзишҳои миллӣ низ намоён аст: аз гиромидошти забон ва адабиёт то ҳифзи анъанаҳои миллӣ, ки ҳамаи ин дар фазои истиқлол бамаротиб ташвиқ мешавад.

     Истиқлол ва озодӣ ду рукни асосии зиндагии демократии мардуми тоҷик мебошанд. Бо сабаби Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон метавонад аз пойбанди идеологияҳои беруна раҳо гардида, тараққиёти сиёсӣ ва ҳуқуқии худро мустақилона тарҳрезӣ намояд. Зеро, бо ибрози пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ғояи истиқлолият ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии озодии инсон дар тамоми давру замонҳо ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллӣ буд». Миллати тоҷик хамеша ба роҳи истиқлолу озодӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои озодии худ талош кардааст.

    Истиқлол неъмати бузургест, ки бояд ҳар як шаҳрванд онро қадр намояд. На танҳо бузургсолон, балки насли ҷавон низ бояд дарк кунад, ки ҳифзи истиқлол масъулияти ҷиддии миллӣ аст. Ҳифзи истиқлол маънои ҳифзи ваҳдат, субот, амният ва якпорчагии Ватанро дорад. Танҳо дар шароити истиқлол мо метавонем рушди устувори давлатро таъмин кунем ва Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта табдил диҳем. Маҳз истиқлол ба тоҷикон имконият дод, ки озодона роҳи худро интихоб кунанд, арзишҳои миллиро эҳё намоянд ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошанд. Ҳар як тоҷик бояд чунин неъматро қадр кунад ва барои пойдорӣ ва рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлол саҳм гузорад.

 

Гулрухсор Баротова,

омӯзгори ДДМИТ