Мақолаҳо
НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ
Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузурги таърихи давлатдории тоҷикон буда, дар навбати худ, мафҳуми калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як фарди миллат мебошад. Истиқлоли давлатӣ дар давоми 34 сол ба он мусоидат намуд, ки дар ҷумҳурӣ рушди иқтисоди миллӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум таъмин гардад.
Яке аз дастовардҳои сиёсии Истиқлоли давлатӣ - ин ба даст овардани давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки дар заминаи он дилхоҳ миллат метавонад ҳаёти иҷтимоӣ, низомӣ, сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад. Бинобар ин, дар таърихи муосири Тоҷикистон ба даст овардани давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлол мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик имкон фароҳам овард, ки ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус зоҳир намояд. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими мављудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тули асрҳо ба шумор меравад. Ҳамзамон, барпо намудани ҳамоишҳои илмию оммавӣ баҳри бузургдошти фарзандони бузурги миллат бо ҷалби олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ низ дастоварди азими даврони истиқлол ба шумор меравад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тавонист сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Инчунин, давоми 34 соли истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, мустақил, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст.
Падидаи муҳими дигар дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра ва зеҳни сунъӣ мебошанд. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир пешниҳодҳои худро иброз намуда, мавқеи худро муайян менамояд.
Бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ дар тамоми зинаҳои таҳсил дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон карда шуд.
Ҳамин тариқ, ҳамаи ин ба самти тарбияи насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва ҳидоят намудани толибилмон дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ равона шудаанд.
Ҷалолиддин Воҳидов,
донишҷӯйи курси 2 ихтисоси 1-31030407 - технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявии факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсион
ӣ
