Мақолаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ - НЕЪМАТИ БЕНАЗИР
Боиси хушнудист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф менамоянд. Дастовардҳое, ки тули солҳои соҳибистиқлолии кишвар мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст овардааст, гувоҳи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро «арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик» дар замони муосир шумурдаанд. Дар ҳақиқат, барои расидан ба ин неъмати бебаҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон заҳмати беандоза кашидаанд.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ояндаи моро муайян кард. Худшиносии миллӣ, дарки ватандорӣ, ҳаллу фасли мустақилонаи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд аз муҳимтарин рукнҳову суннатҳои истиқлолиятанд.
Дастовардҳо дар соҳаи иқтисодиёт, ки онҳо дар таърихи навини миллати тоҷик (шуруъ аз замони ба вуҷуд омадани Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон) давоми зиёда аз се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ бесобиқа ва воқеан ҳам, хеле бузург арзёбӣ мегарданд.
Тавре аз паёмҳои Роҳбари давлат бармеояд, дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ афзоиш ёфтаанд.
Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити мусоид фароҳам овард. Амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи ҳадафҳои стратегӣ - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқавории кишвар, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръат вазифаҳои аввалиндараҷа буда, муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар кишвар оид ба рушди соҳибкорӣ ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад.
Дар самти кишоварзии соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ пешравиҳои бузург ва барои мардуми ватанамон муфид ба вуқуъ омаданд. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маротиб афзоиш ёфтааст.
Афзоиши гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёд гардидани шумораи корхонаҳои саноатӣ, рушди бахши хусусӣ, зиёда 50 маротиба зиёд гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дастовардҳои муҳими солҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошанд. Ҷиҳати ноил гардидан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар ҷумҳурӣ Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ қабул гардиданд. Афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, тамоюли мусбати зиёдшавии даромади пулии аҳолӣ ва мунтазам коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат натиҷаи татбиқи барномаҳои болозикр мебошанд.
Амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои амният, об, экология, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва ташаккули дипломатияи об ҳамчун ҷавҳари нодири пешбурди сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ғайра.
Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Аз ҷумла, яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон «сиёсати дарҳои боз» мебошад.
Давоми 34 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррафӣ намуда, бо аксар кишварҳои дунё ва созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ барқарор намудааст. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ, ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра мебошад.
Дигар падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ин пешниҳодҳо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳифзи манфиати миллӣ ва дарки баробариву ҳамкории судманд дар сатҳи байналмилалӣ манзур гардиданд.
Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ҷиҳати ноил гардидан ба зинаҳои рушди баландсуръати иқтисодиёти кишвар ва таъмини зиндагии арзандаи мардум «мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем».
Саидов Р.Н.,
н.и.и., дотсенти кафедраи аудит ва ревизияи ДДМИТ
