Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб ва нанговари иҷтимоӣ

      Суханро аз он оғоз мекунем, ки коррупсия падидаи иҷтимоии решаҳои таърихиаш, шояд, ба урфи ҳадядиҳӣ ва ҳадягирӣ алоқамандӣ дошта бошад, ки тавассути он ҳадядиҳандатаваҷҷуҳи ҳадягирандаро ба худ ҷалб мекунад. Азбаски решаҳои ҳадядиҳӣ ва ҳадягириро ҳоло дар ҷомеаҳои нахустин пайдо кардан мумкин аст, пайдоиши онро низ ба нахустин ҷомеаҳо, яъне ҷомеаҳои обшинаи ибтидоӣ алоқаманд кардан мумкин мешавад. Масалан, ба рўҳонӣ ё пешвои обшина ҳадя кардан, чунон ки муаррихони аҳди қадим менависанд, меъёри муқаррарӣ ба шумор мерафтааст[1].

     Агар ба навиштаҷоти Аҳди Қадими Библия, мушаххасан, ба китоби аввали панҷгонаи ҳазрати Мўсо, ки ба унвони «Ҳастӣ» маъруф аст, муроҷиат намоем, дар боби чаҳоруми он ривояти ба дунё омадани Қобил ва Ҳобилро мутолиа мекунем. Қобил зироаткор мешавад ва Ҳобил рамабон. Ҳар як аз онҳо барои Худованд аз самараи заҳматашон ҳадя меоварад. Қобил аз маҳсули замин ҳадя меоварад, аммо Ҳобил аз нахустзодагони рамаи худ ва аз дунбаи онҳо ба Худованд ҳадя меоварад. Худованд Ҳобил ва ҳадяи ўро манзур медорад, аммо Қобил ва ҳадяи ўро манзур намедорад. Бо ин рафтораш Худованд байни бародарон тухми адоват мекорад, ки минбаъд Қобил Ҳобилро ба қатл мерасонад[2].

     Ин ривояти диниро барои он овардем, ки ҳаҷм ва сифати ҳадя ба кадом натиҷа оварда мерасонидааст.

         Сарфи назар аз он, ки аз он замон чандин ҳазорсолаҳо сипарӣ гардид, вале то ба ҳол дар олам кишвареро пайдо карда наметавонем, ки аз ин падида худро мутлақо озод ва эмин нигоҳ дошта бошад. Бинобар ин, гуфтан мумкин аст, ки дар замони муосир низ ҳамаи кишварҳо ба ин падида кам ё беш олудагӣ доранд.

         Танҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки ҳамон кам ё беше, ки гуфта истодаем, то кадом ҳадд, то кадом андоза аст? Дар ҷавоб ба ин савол бояд тазаккур дод, ки таҳқиқоти татбиқшуда ва балгузориҳое, ки тавассути онҳо доираи каму беш вуҷуд доштани коррупсияро муайян менамоянд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки чунин кишварҳо, ба монанди, Зеландияи Нав, Дания, Шветсия, Норвегия, Финландия, Сингапур ва як теъдод кишварҳои дигари пешрафтаи ҷаҳон тавонистаанд, то коррупсияро бисёр маҳдуд ва ба ҳадди ақал оварда расонанд.

Азбаски падидаи мазкур ба пешрафти ҷомеа ва ташаккулёбии шаҳрвандони ҳақиқӣ, муҳити маънавии солим, пойдории давлат ва легитимияти он монеагузор мегардад, мубориза бар зидди он яке аз мушкилоти мубрамтарини замони муосир ба шумор меравад.

     Коррупсия истилоҳест, ки паҳлуҳои гуногуни ҳама гуна фасодзадагиро ифода менамояд, муҳити маънавии ҷомеаро комилан вайрон мекунад, пояҳои давлатдориро ба мисли он ки занг пўлодро мехўраду ба тўдаи маводи нолозим табдил медиҳад, ба нестӣ меоварад ва омиле мешавад, ки, дар ниҳояти амр, ба бесарусомониҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад.

    Коррупсия аз вожаи лотинии «corruptio» гирифта шудааст, ки маънии аслиаш тавассути ришва харидашуданро дар назар дорад, яъне ҳамон нафаре, ки ба роҳи ришваситонӣ ворид гардид, вай худро мефурўшад, обрўву эътибори худро мерезад, дар кадом мақоме, ки фаъолият надошта бошад, легитимияти худро гум мекунад, ҷинояткори умури ҷомеавӣ мешавад ва ҳаргиз соҳаи идоракунандааш ба муваффақият соҳиб низ намешавад, зеро оқибати ин гуна муносибати нанговар монеа эҷод кардан ба раванди бояду шояди рушди ҷомеа ба шумор меравад.

    Дар ҷомеашиносии муосир истилоҳи коррупсияро ба маъниҳои: 1) аз тарафи шахсияти мансабдор истифода бурдани мақом ва ҳуқуқи хидматӣ бо мақсади худро сарватманд кардан; 2) истифодаи мақоми хидматӣ барои расидан ба ҳадафҳои хеш тавассути ришваситонӣ ва дигар воситаҳои ғайриқонунии ҷамъоварии сарват ва; 3) вайроншуда будан, фосиқ будан[3] истифода мекунанд.

    Коррупсия дар он кишварҳое бештар зуҳур меёбад, ки онҳо ба қатори кишварҳои номутамаддин дохил мешаванд. Теъдоди ин гуна кишварҳо дар ҷаҳони муосир хеле зиёданд. Дар онҳо, азбаски тамоюли давлатсозии муосир давлатсозии демократӣ маҳсуб меёбад, гўё режими сиёсии идоракунии демократӣ ба вуҷуд оварда шудааст, вале чунин режим дар онҳо зоҳирӣ, қалбакӣ буда, дар асл аз демократияи ҳақиқӣ фарсахҳо дур мебошад. Ин гуна вазъият худ аз он шаҳодат медиҳад, ки усулҳои сохтмони давлати навъи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд амал намекунанд. Фаъолияти мақомоти давлатӣ ағлабан шаффофият надорад. Аксарияти падидаҳои иҷтимоии номатлуб, аз ҷумла коррупсияи дар ин гуна кишварҳо бавуҷудоянда, пеш аз ҳама, ба ҳамин воқеият алоқамандӣ дорад.

    Масъалаи дигар аз он иборат аст, ки дар кишварҳои номутамаддин чунин вазъияти иҷтимоие ба вуҷуд оварда мешавад, ки шаҳрвандон доир ба он на чизе гуфта метавонанд ва на навишта, зеро намояндагони маъмурияти ин гуна кишварҳо вазъиятро бисёр дақиқ назорат менамоянд ва ҳар гуфтае ё навиштае мабодо зуҳур ёбад, шадидан ҷазо дода мешавад. Мутаассифона, дар чунин кишварҳо масъалаи матраҳшуда мавриди баррасӣ қарор дода намешавад, балки масъалаи он, ки кӣ шуҷоат кардааст, ки дар ин бора нависад ва ё аланан изҳори ақида карда бошад? Боз ҳам мутаассифона, ки ҳамин қисмати масъала бисёр шадид ва ҳамаҷониба баррасӣ мегардад ва гўянда ё нависандаи чунин мушкила ба ҷазои сахт гирифтор мегардад.

    Вақте дар ҷомеа чунин ҳолат ба муҳити фарогири иҷтимоӣ табдил меёбад, шароити бисёр мусоиди ришваситонӣ фароҳам меояд ва он ба як навъ унсури ҳаёти рўзмарраи бошандагони кишвар табдил меёбад, яъне ришва медиҳиву коратро буд мекунӣ, вагарна сарсону саргардон мешавӣ ва аз талоши кадом як ҳақиқате низ пушаймон мегардӣ.

     Дар кишварҳои номутамаддине, ки муаллиф дар назар дорад, аҳволи воқеӣ чунин аст, ки вай баҳси тўлонӣ низ тақозо намекунад, зеро онро ҳамагон медонанд ва барои зиндагии «ширинашонро» ба талхӣ табдил надиҳанд, «оқилона» рафтор карданро афзал медонанд.

     Охирҳои асри XX ва дувуним даҳсолаи қарни XXI замоне ба шумор меравад, ки дар олам таҳаввулоти гуногунҷанба татбиқ шуда истодаанд. Дар ин раванд ҳамон кишварҳое мақом ва манзалати муносиб пайдо карда метавонанд, ки низомашонро тамаддунӣ карда бошанд. Яке аз чунин таҳаввулоти шебу фарозҳо ва тазодҳои иҷтимоидошта тамоюли, ба ном, ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбад. Ин тамоюл ба ҳар як бошандаи кураи олам, албатта, бетаъсир намемонад. Мардум неку бадро ҷудо мекардагӣ мешавад. Бинобар ин, давлатҳои номутамаддинро месазад, ки тартиботи сиёсии худро тағйир диҳанд, то ин ки ба ҳама гуна таҳдидҳои замони муосир ҷавобгў шуда тавонанд, зеро тамоюлҳои замони муосир салоҳияти давлатдорӣ, сифати идоракунии умури давлатӣ, шаффофияти фаъолият, тоза будани ҳукуматҳо ва, дар ниҳояти амр, набудани коррупсияро талаб менамоянд[4].

    Падидаи бисёр нанговаре, ки дар кишварҳои номутамаддин ҳамчун воқеият вуҷуд дорад, аз он иборат аст, ки дар чунин кишварҳо коррупсия манбаи зиндагии бисёр бо карруфари кормандони давлатӣ гардидааст. Ва ин падида дар ҷомеа ба мисли анкабут, яъне тортанак торҳои худро чунон мустаҳкам танидааст, ки аз он роҳи халосиро пайдо кардан низ амрест муҳол.

     Кор то ба он ҷо расидааст, ки кормандони дорои фарҳанги волои маънавӣ, ки ришваситониро ба худ муносиб намедонанд, бо моҳонаи ночиз зиндагӣ мекунанд, мавриди истеҳзои фосиқон мешаванд ва, ҳатто, чунин инсонҳои мутамаддинро, дар баъзе кишварҳо корманди «бесалоҳият» низ унвонгузорӣ мекунанд. Ман номи чунин кишварро ба сабаби халалдор накардани муносиботи кишварамон ифшо намекунам ва гумон мекунам, ки инсонҳои хонанда худ онҳоро дарёфт мекунанд ва қазоват менамоянд.

     Бо ин ифодаи ишоракунанда ба фасодии ҷомеа гуфтанием, ки коррупсия дар кишварҳои номутамаддин тадриҷан мақоми шаҳрвандӣ ҳам пайдо кардааст, яъне падидае шудааст, ки онро ҳама бошандагон ҳамчун унсури воқеиятии ҳаёти иҷтимоӣ мепазиранд. Ин ҳолатро инъикос намуда, беихтиёр гуфтанӣ мешавӣ, ки: Боракаллоҳ, фосиқон!

     Барои идома додани баррасии мавзуи коррупсия лозим медонем, то ба кадом маънӣ истифода шудани истилоҳи «тамаддун»-ро маънидод карда бошем. Мафҳуми мазкур таърихан ба маъниҳои гуногун истифода карда мешуду мешавад. Яке аз маъниҳои умдатарини он тарбиятёфта, соҳибмаърифат, соҳибфарҳанг буданро дар назар дорад. Маъниҳои мазкур дар ҳама гуна соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи давлатдорӣ ва созмон додани давлат ва идораи давлатӣ дар ҳама давру замон хеле муҳим арзёбӣ мегардиду мегардад. Бинобар ин, вақте мо доир ба зуҳурёбии падидае, ки коррупсия меноманду мо онро мавриди баррасӣ қарор додаем, бештар ба он ишора карда истодаем, ки ин падида, албатта, дар ҳама гуна ҷомеаҳо шуданаш мумкин аст, вале ба таври густурда ва фарогир он метавонад танҳо дар ҷомеаҳои ғайритамаддунӣ бештар зуҳур ёбад, зеро коррупсия пешаи инсонҳои мутамаддин, ҷомеаҳои мутамаддин ва давлатҳои мутамаддин шуда наметавонад.

     Фарҳанги воло бо дарки он ки коррупсия яке аз омилҳои вайронкунандаи инсону ҷомеа ба шумор меравад, онро ҳаргиз муносиби худ намедонад ва ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад, ки он дар ҳаёти маънавиаш ҳеҷ гуна ҷойгоҳе надошта бошад.

     Коррупсия падидаи нанговаре ба шумор меравад, ки ҳам дар фарҳанги дунявӣ ва ҳам динӣ шадидан маҳкум карда мешавад. Масалан, дар фарҳанги динӣ, ки муҳтавои асосиашро меъёрҳои ахлоқии дар тули таърих бавуҷудовардаи одамон дар бар мегирад ва минбаъд онҳоро аз номи Худованд ба бандаҳо бармегардонад, ҳама гуна аъмоли коррупсионӣ ҳамчун анвои гуноҳ дар назди Худованд маънидод карда мешавад, ки бандагони ба ин гуноҳ олуда дар рўзи ҳисобу китоб ба ҷазои сазовор кашида мешаванд.

    Аз ҷумла, дини ислом доир ба ин масъала хеле ҳассос муносибат дорад. Чунончи, ноҳаққӣ ба моли мардум, азхудкунии он ва, ҳатто, ситонидани рибо гуноҳи азим маънидод карда мешавад. Муъминони ислом ҳидоят карда мешаванд, ки онҳо бояд аз он чӣ Худованд ризқашон додааст, сарф кунанд[5].

    Албатта, яке аз омилҳои асосии дар фарҳанги инсон набудани ситонидани ҳақ муаддабии инсонҳо, ташаккулёфта будани фарҳанги ахлоқии онҳо ба шумор меравад. Мутаассифона, сарфи назар аз гузашти чандин ҳазорсолаҳои даҳшатбори таърихӣ ва фаро расидани марҳилаи рушди бемисли илм ва фаро гирифта шудани инсонҳо бо маориф, яъне таълиму тарбияи ҳамаҷониба, инсон ҳамоно ваҳшӣ ва ғайритамаддунӣ боқӣ мондааст.

    Дар адолати иҷтимоии марксистӣ ва фарҳанги ҷомеаи марксистӣ мебоист баробарии ҳама инсонҳо таъмин карда шавад, унсурҳои чунин падида, ки онро дар замони муосир коррупсия меноманд, нест карда шаванд, инсонҳо тамаддунӣ гардонида шаванд ва ҳар як инсон бояд бар асоси меҳнаташ сарф дошта бошад ва ғайра, ки ҳамчун адолати иҷтимоӣ маънидод карда мешавад, мақбули аксарияти кулли ҷомеаҳо нагардид. Баръакс, чунин «арзишҳо», ба монанди нобаробарӣ, ҷамъоварии сарват аз ҳисоби аксари кулли мардуми аҳли заҳмат, аз тарафи сарватмандон сарф карда шудани пулҳои аз ҳад зиёд ва ғайраву ҳоказо аз меъёрҳои пазируфташуда талқин карда мешавад, ки он ба қашшоқшавии аксари кулли аҳолӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, ба назари ин ҷониб, дар замони муосир заминаҳои «маънавӣ»-и зуҳурёбии коррупсия ҳамчун арзишҳои меъёрӣ маънидод карда мешаванд, ки на ба заволёбии коррупсия, балки ба рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат мекунанд.

     Агар инсон, ҷомеа ва давлату давлатдорӣ то ба замони муосир аз ғайритамаддунӣ будан ба тамаддунӣ будан интиқол менамуд ва муаддабу тарбиятёфта мебуд, фарҳанги маънавии волоро дар худ ташаккул медод, коррупсия ҳамчун падида ҳаргиз арзи вуҷуд наменамуд.

    Ин мавзуъ ҷонибҳои хеле зиёд дорад, ки онҳо аз мушкилаҳои мубрамтарини рўз иборат мебошанд. Доир ба онҳо на танҳо гуфтану навиштан, балки амали мақсаднок гузаронидан зарур ва ногузир маҳсуб дониста мешавад.

     Мо дар ин навишта чанд диди назарии худро иброз доштем ва минбаъд метавонем ба масъалаҳои мушаххаси он интиқол намоем. Дар ин ҷода зарур ва ногузир дониста мешавад, ки масъалаҳо мушаххас ва бо овардани далелҳои раднопазир бояд матраҳ карда шаванд. Аммо, ба худ суол дода, пурсидан мехоҳем, ки оё чунин заруратро ҷомеаи муосири фасодзада мепазируфта бошад…?

Ғ. Мирзоев,

устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ, профессор

Тел:. 937 50 49 89



[1] Современный словарь по общественным наукам / Под общ. ред. О. Г. Данильяна. – М.: ИНФРА-М, 2013. – С. 126.

[2] Муфассал нигар ба: Никонов В. А. Современный мир и его истоки / В. А. Никонов. – М.: Издательство Московского университета, 2015. – С.302.

[3] Қуръони карим. Сураи ал-Бақара, ояи 3. 

[4] Интернет. Муроҷиат дар таърихи 6. 07. 2025

[5] Библия. Навиштаи Муқаддас. Аҳди Қадим ва Аҳди Ҷадид. Институти тарҷимаи Библия. Стокголм, 1992. – С.19-20.