Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

ПЕШГИРИИ КОРРУПСИОНӢ БАҲРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

     Яке аз проблемаҳои глобалии замони муосир омилҳои коррупсионӣ мебошад. Вобаста ба ин масъала, солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Тољикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо баён гаштаанд.

     Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили экстремизм, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин, масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз - ин фасод ё худ коррупсия мебошад.

     Омилҳои асосии афзоиши коррупсияро дар ҷомеаи мо коршиносони масоили сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ, аз як тараф, дар паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи дигар, омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани қоидаҳои он медонанд. Ба назари коршиносони соҳа, коррупсия яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи рушди умумимиллӣ, пешрафти иқтисод, беҳбудии иҷтимоӣ, татбиқи муваффақонаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон маҳсуб мешавад. Ҳамзамон, коррупсия боварии шаҳрвандонро ба давлат ва ояндаи нек коста месозад. Ғайр аз ин, коррупсия табақаҳои камбизоати аҳолиро аз имкони комёб шудан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ маҳрум мекунад.

     Дар ҷаҳони муосир пешрафту тараққиёти ҷамъият, глобализатсия ва бархӯрди тамаддунҳо дар назди башарият мушкилиҳои нав ба навро эҷод мекунанд. Яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ин фасод ё худ омилҳои коррупсионӣ мебошанд, ки дар баробари пешрафту тараққиёти олам густурдатар гардида, дар қишрҳои гуногуни ҷомеа, дар манотиқи мухталифи дунё реша давонидаанд. Албатта, коррупсия дар низоми иқтисодию амниятии ҷаҳон таъсири манфӣ расонида, сабабҳои буҳронҳои бузурги иқтисодӣ мегардад, ки ба буҷети давлатҳои алоҳида зарари калон мерасонанд.

     Ҳарчанд вожаи коррупсия дар асрҳои миёна пайдо шуда бошад ҳам, кирдорҳои коррупсионӣ дар таърихи инсоният хеле пеш зуҳур карда буд.

    Бо мақсади пешгирӣ аз коррупсия созмонҳои гуногуни байналмилалӣ таъсис ёфта, ҳар сол нишондодҳои коррупсионӣ аз ҷониби давлату ширкатҳои гуногун ҳисоб карда мешаванд.

     Ин далелҳо гувоҳанд, ки имрӯзҳо коррупсия ба як мушкилии умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, бобати ҳалли ин масъала ягон давлату мамлакате бетараф буда наметавонад. Тоҷикистон ҳам барои рушди ҳамаҷониба ва суботи ояндаи миллати хеш дар қатори дигар мамолики дунё имрӯзҳо баҳри нест намудани ин амали номатлуб кӯшишҳо карда истодааст.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд: “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

     Бояд қайд кард, ки пешгирии амалҳои коррупсионӣ яке аз масъалаҳои асосии сиёсати кишвари мо ба шумор рафта, ҳар сол ҷиҳати пешгирии ин ҳолати нангин аз ҷониби сохторҳои давлатии босалоҳият санҷишҳо гузаронида мешавад. Имрӯз коррупсия амалест, ки на танҳо ҷомеаи як давлатро, балки кулли башариятро ба ташвиш овардааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар пешрафти давлату миллат монеаҳои бузургро эҷод намуда, имкон намедиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум боло равад. Пеш аз ҳама, роҳи пешгирии ин амали нангин, дар тарбияи дурусти насли наврас баланд бардоштани шуури сиёсӣ-ҳуқуқии мардум, аз даст надодани зиракии сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ аст, ки ин ҳама метавонад, то ҷое ҷомеаи муосирро аз амалҳои коррупсионӣ амон бахшад. Ин ҳамаро ба назар гирифта, Президенти кишвар зимни суханрониашон дар ҷаласаи Шурои амният ба сохторҳои гуногун супоришҳои махсус доданд: «… бояд корҳо дар самти ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат бо коррупсия, робита бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иҷрои меъёрҳои рафтори зиддикоррупсионӣ аз тарафи аҳли ҷомеа вусъат бахшида шавад».

     Ҳамин тариқ, метавон гуфт, ки кирдорҳои коррупсионӣ имрӯзҳо то ҷое раванди нангину номатлуб дониста шудаанд ва ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ саъй бар он дорад, ки аз ин “вабои аср” наҷот ёбад. Пас, мо - халқи бузурги тоҷик, бояд бо мақсади равшан намудани фардои миллату давлати худ дар қатори ҷомеаи мутамаддини дунё бар зидди чунин зуҳуроти номатлубу амалҳои нангин мубориза бурда, дар роҳи расидан ба мақсадҳои сиёсӣ-иқтисодии худ фаъол бошем.

 

М. ШОКИРИЁН,

омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ