Мақолаҳо
БАҲРИ ОЛАМ СУЛҲ ДАРКОР АСТ, СУЛҲ
Дигаргуниҳои ҷаҳони имрӯз касро водор месозанд, ки нисбат ба пештара ҳушёру зирак ва сулҳхоҳу сулҳдӯст бошад. Зеро сулҳ бузургтарин арзиши олам аст, ки тамоми миллату қавмҳо дар тули таърих барои ба даст овардан ва ҳифзи он талош намудаанд.
Таҷрибаи душвору талхи ҷангҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар фазои сулҳу субот инсон метавонад зиндагии шоиста, таҳсил, меҳнат ва эҷод кунад. Бинобар ин, сулҳ на танҳо набудани ҷанг, балки муҳити устувор, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва ҳамзистии осоишта мебошад.
То ҷое мо огоҳӣ дорем, ягона омиле, ки шароити сулҳро дар Тоҷикистон пойдор намуд, дар самарабахш истифода бурдани шакли шартномавии ҳуқуқ зоҳир мешуд. Чунонки аз матни Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои таркибии он бармеояд, дар мавриди аввал масъалаи ҳуқуқӣ - таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон мебоист ба эътибор гирифта мешуд ва ҳалли дигар масъалаҳои умда, аз ҷумла масъалаи ба Ватан баргардонидани гурезагону муҳоҷирон, пешгирии равияҳои ҷудоихоҳ, нигаҳ доштани мувозинати неруҳои сиёсӣ ва густариши идеяҳои демократия бевосита бо он алоқманд буданд.
Ба андешаи коршиносон, омилҳое, ки раванди сулҳи тоҷиконро дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ба самар расониданд ва таҷрибаи онро нодир гардониданд, инҳоянд:
- талошҳои саривақтии Сарвари давлат бо мақсади барқарор намудани сулҳу осоиштагӣ;
- дарки бартарии манфиатҳои миллӣ бар манфиатҳои маҳаллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва фардӣ;
- ба ҳам омадани манфиатҳои геополитикии кишварҳои зид.
Пешвои миллат чун ҳамешагӣ ин навбат низ рӯзи 24 сентябри соли 2025 зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз масъалаҳои ҳолати ноустувориву номуайянӣ ва печидагиҳои рӯзафзуни ҷаҳони муосир сухан ронда, афзуданд, ки ихтилофоти геосиёсӣ, талошҳои азнавсозии низоми муносибатҳои байналмилалӣ, мухолифату низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ барои сулҳу осоиши пойдор таҳдидҳои ҷиддӣ эҷод кардаанд.
Дар ҳақиқат, ҳеҷ як барномаву стратегияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бе фазои сулҳ амалӣ шуда наметавонад. Танҳо дар шароити ором давлат метавонад мактаб, донишгоҳ, беморхона ва роҳҳоро бунёд намояд.
Рӯзи 30 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ зимни вохӯрӣ бо аҳли маорифи кишвар ёдовар шуданд, ки мардуми мо набояд ҳаводиси солҳои 90-уми асри гузашта - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои даҳшатноки онро фаромӯш созанд. Балки онро ҳамчун дарси ибрати таърихӣ доим дар хотир дошта бошанд, ба қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун арзишҳои бузурги ҳаётӣ расанд, эҳсоси баланди ватандӯстӣ дошта бошанд, наврасону ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоянд ва ба хубӣ дарк намоянд, ки осоишу хушбахтӣ танҳо дар ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду сарҷамъии миллат аст.
Роҳбари давлат афзуданд: «Авзои имрӯзаи ҷомеаи башарӣ ҷавонони моро водор месозад, ки андешаи сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро ҳамчун ҷузъи муҳимтарину ҷудоинопазири фарҳанг ва ҳувияти миллӣ қабул карда, ба хотири таҳкими ҳарчи бештари ин неъмати бебаҳо саъю талош намоянд».
Воқеан, бо вуҷуди ба даст овардани сулҳ, ҳифз ва пойдории он ҳамеша вазифаи осон нест. Аз ин рӯ, ҷавонон чун қишри пешбари ҷомеа бояд ҳамеша бо роҳи таҳким бахшидани адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи сулҳ талош намоянд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
сармуҳаррири нашрияи «Молия ва иқтисод»
