Мақолаҳо
ТАҲКИМУ ТАВСЕАИ ОМӮЗГОРУ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Президенти кишвар аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон соҳаи маорифро аз авлавиятҳои сиёсати давлатдории худ эълон карда, ба ислоҳот ва таҷдиди мактаб ва таълиму тарбия пардохтанд.
Яке аз соҳаҳои калидии ҳар ҷомеаи соҳибтамаддун ва маънавибунёд маориф ё низоми омӯзишии кишвар ба ҳисоб меравад, ки рушду тараққии риштаҳои хоҷагии халқи ҳар ҷомеаи аз он вобастагии амиқу устувор дорад. Аз ин ҷост, ки ин ҳақиқатро Роҳбари Тоҷикистон бо камоли оянданигарии фитрӣ ва барои ислоҳи куллии низоми омӯзишу парвариши кишвар, таҷдиди роҳу шеваи таълим дар мактабу маорифро аз аслҳои таҷдиду таҳаввули миллату давлати тоза ба истиқлолрасида дониста, дар ин замина иқдомоти созандаву ботадриҷро роҳандозӣ намуд.
Бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат ҳанӯз соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба масобаи нахустин санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи мазкур таҳия ва қабул гардид, ки заминаро барои таѓйиру такмили ин қисмати сарнавишсози ояндаи кишвар гузошт. Санади мазкур моҳияти сиёсати Роҳбари Олии мамлакатро дар қиболи ин бахши ҷомеа ва пешрафти мактабу маориф тарҳрезӣ намудааст, ки дар санад ҳуҷҷатҳои баъдан қабулгардидаи Ҳукумати кишвар такмилу пурра карда шудаанд. Мо ин такомулу таҳаввули самти меъёрии ҳуқуқии соҳаро аз тарафи Роҳбарияти Олии кишвар, бахусус шахси Пешвои миллат, дар қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди хатми мактаби олӣ», «Дар бораи сиёсати ҷавонон», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бори илм ва прогресси илмӣ-техникӣ» ва ахиран, «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар самти дигаргуншавӣ ва пешрафту такомули ин соҳаи муҳими ҷомеа таъсири судманд расониданд.
Дар ин замина, беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони соҳа низ аз мадди назари роҳбарияти кишвар ҳеҷ вақт дур набудааст, ки қабули қарорҳои пурманфиату башардӯстонаи Ҳукумат «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани шароити манзилӣ ва коммуналию маишии кормандони маориф» ва «Дар бораи баъзе чораҳои пурзӯр намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони маориф» дар амри таъмини аҳли маорифи мамлакат бо имтиёзҳои иҷтимоӣ ва дастгирии бевоситаи онҳо пураҳамият мебошанд.
Сарвари давлат аз нахустин рӯзҳои фаъолияти давлатдориашон ба ислоҳи ҳавзаи маънавият, таълиму тарбият шуруъ карданд.
Барномаи ислоҳгаронаи Сарвари давлат бо равишҳои назарӣ ва амалии худ барои миллат судманд омад. Аввалин тафовут ва афзалияти ин барнома дар он аст, ки ҷунбиши умумимиллиро ба роҳ андохт. Равиши ислоҳотгарӣ, таҷдид ва эҳёи пешгирифтаи Президент, пеш аз ҳама, аз ислоҳи маънавиёт ва мактабу маориф ва таълиму тарбият шуруъ гардида буд ва то ҳол идома дорад. Роҳбари давлат бисёр хуб медонист ва мутмаин буд, ки барои ба ин ҳадафи умумимиллӣ расидан, низоми мактабу маорифро бояд ислоҳ кард ва аз оғози фаъолияташ ба ин иқдоми фарогир ва миллатсоз даст зад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таҷрибаи таърихӣ ва пешқадами инсоният таҳсили комил ва тарбияти босамарро он чизе медонанд, ки ба инсон шоистагӣ ва салоҳияти хосе медиҳад, то ҳар амалеро битавонад бо ҳиммате баланд ва назаре васеъ одилона ва моҳирона анҷом диҳад. Ва ин васеътарин, пурмоятарин назаре, ки битавон идора кард, ки ба суди имрӯзу ояндаи миллат аст.
Муҳимтарин нуктае, ки дар ростои ислоҳи амудӣ аз назариёти Президент бармеояд, он аст, ки имрӯз мо бояд дунболи насле бошем, ки ба вазъи сатҳи шуури имрӯзаи ҷомеа созгор ва мувофиқ бошад ва ҳамаи инро мо танҳо аз донишу таҷрибаи устоду муаллим, яъне омӯзгори асил гирифта метавонем.
Муаллим ва омӯзгор вожаҳое ҳастанд, ки барои фарзанди инсон ошнову муқаддасанд. Зеро ин шахсияти бузург омӯзонандаи илму дониш, фарҳанг, адаб ва равшангари шоми шогирдон аст. Ва манзалати ин шахс дар баробари волидайн қарор дорад:
Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.
Шахсияти муаллим дар фаъолияти омӯзгорӣ зуҳур ёфта, инкишофу ташаккул меёбад. Чунонки маълум аст, фаъолияти омӯзгорӣ яке аз навъҳои муҳими фаъолияти меҳнатӣ буда, мақсаду вазифа ва сохту таркиби муайян дорад. Мақсади асосии он, ҳамчун узви комили ҷомеа, маълумотнок намудан, таълим додан ва тарбия кардани насли наврас мебошад.
Муаллим - омӯзгор, мураббӣ ва созмондиҳандаи асосии раванди таълиму тарбия дар мактаб мебошад. Дараҷаи донишу маълумотнокӣ, фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, дараҷаи ахлоқу тарбияи хонандагон на танҳо ба оила, балки ба мактаб, ба барномаю китобҳои дарсӣ ва аз ҳама беш ба муаллим вобастагии қавӣ дорад. Маҳз муаллим вазифадор аст, ки дар баробари фаъолияти дигар институтҳои тарбиявӣ (оила, созмонҳои беруназмактабӣ, сарчашмаҳои ахборот, технологияи иттилоотӣ) насли наврасро бо асосҳои дониш ва мафҳумҳои илмӣ мусаллаҳ намуда, шахсияти комили хонандагонро ташаккул диҳад ва дар ниҳоди онҳо нисбат ба фаъолияти меҳнатӣ муносибати бомасъул, шуурона ва эҷодӣ парварад, то ки шогирдон ба интихоби касбу пешаи оянда аз ҳама ҷиҳат тайёру омода карда шаванд.
С. Муҳаммадиев,
омӯзгори кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт
