Мақолаҳо
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - АСОСИ СУЛҲ ВА ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Ваҳдати миллӣ яке аз муқаддастарин арзишҳои ҷомеаи имрӯзаи мо ба шумор меравад. Ваҳдат маънои ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии миллатро дорад, ки асоси сулҳу субот ва пешрафти давлат мебошад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳар як давлат ва миллат арзишест,ки дар асоси он осоиштагӣ, сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа таъмин мегардад. Махсусан, барои миллати тоҷик, ки дар давраи душвори ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт, ба даст овардани ваҳдати миллӣ як рӯйдоди таърихии беназир ва наҷотбахш буд.
Имрӯз, вақте ки мо аз ваҳдати миллӣ сухан мегӯем, бояд аҳамияти онро амиқ дарк намоем. Ваҳдати миллӣ на танҳо созиши расмӣ байни гурӯҳҳо ё неруҳҳои сиёсӣ аст, балки пеш аз ҳама, муттаҳидии қалбҳо, эҳтироми якдигар ва ҳисси масъулият барои ояндаи Ватан мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик солҳои 1990-уми асри гузашта рӯзҳои сахту сангинро паси сар намуд ва бо шарофати ваҳдати миллӣ тавонист аз гирдоби ҷанги бародаркуш наҷот ёбад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Ин рӯз дар таърихи навини Тоҷикистон мақоми бузург дорад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз соли 1997 Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин созишнома ба низои дохилии солҳои 90-уми асри гузашта хотима бахшид ва давлатро ба роҳи сулҳу ваҳдат овард.
Бо ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, Тоҷикистон дар роҳи созандагӣ ва бунёдкориҳои бесобиқа қарор дорад. Имрӯз давлати мо дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст. Ин ҳама самари ваҳдати миллӣ, истиқлол ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад.
Дар баробари шукргузорӣ аз сулҳу суботи имрӯза, бояд ҳар як шаҳрванди кишвар саҳми худро дар таҳкими ваҳдат гузорад. Ҳар шахс бояд кӯшиш кунад, ки миёни мардум дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро тақвият бахшад ва барои пешрафти ҷомеа содиқона хизмат намояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ саҳми бузург гузоштанд. Бо иродаи қавӣ, сабру таҳаммул ва сиёсати хирадмандона тавонистанд мардуми парокандаро гирд оварда, Ваҳдати миллӣ ва оромиро барқарор намоянд.
Ваҳдати миллӣ сарвати бебаҳои миллати тоҷик аст. Мо бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, ҳамдигарро эҳтиром кунем ва барои таҳкими он саҳмгузор бошем.
Моҳрӯ Ормонова, ассистенти кафедраи андоз
ва суғуртаи факултети андоз ва соҳибкории ДДМИТ
