Мақолаҳо
ТАМОЮЛҲО ВА МУШКИЛОТИ РУШДИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ИҚТИСОДИ БОЗОРӢ
Хусусияти давраи муосири рушди иқтисоди бозорӣ дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон аз он иборат аст, ки дар онҳо ба омӯзиши бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ аҳамияти бештар дода мешавад. Аз ин лиҳоз, тағйироти куллии низоми куҳнашудаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар шароити давраи гузариш аҳамияти таҳқиқотии омӯзиши моҳияти бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ, сабабҳо ва омилҳои рушди он, оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии дигаргуншавии онро ба вуҷуд овард. Ҳамзамон, омӯзиши масъалаҳои марбут ба равандҳои истеҳсол, тақсимот ва истеъмоли хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо байни худ аҳамияти муҳим дорад. Талаботи рӯзафзуни баррасии ҳамаҷонибаи ин равандҳо ҳамчун пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба миён омадааст, ки барои дарёфти посух ба саволҳои мубрам дар мавриди роҳҳои самараноки фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ ва муайянсозии самтҳои имконпазири азнавташкилдиҳии он имконият фароҳам меорад.
Соҳаи иҷтимоӣ, ки равандҳои фаъолияти иқтисодиро таъмин мекунад, дар ҷараёни истеҳсолот ва андухти сармояи инсонӣ нақши махсусро мебозад. Он ба эҷоди асосҳои институтсионалӣ ва ташкилии бозори меҳнат ва таъмини чандирии он таъсири назаррас мерасонад, психология ва стратегияи пасандозҳои аҳолиро ташаккул медиҳад.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаи зичи байни фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва нархгузории инҳисории табиӣ хос мебошад. Оқибати ин диққати бисёр ислоҳоти сохторӣ ба мушкилоти ташкили системаи пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ мебошад.
Худи соҳаи иҷтимоӣ, дар айни замон, бо мавҷудияти сохтори нисбатан мураккаб, ки аз қисмҳои асосии аз ҷиҳати ташкилӣ ба ҳам наздик иборат аст, фарқ мекунад. Баррасии ҳамаҷонибаи ин равандҳо ҳамчун пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ зарур буда, имкон медиҳад ба саволҳои мубрами марбут ба муайян намудани самтҳои имконпазири рушд, дигаргунсозӣ ва такмили фаъолияти соҳаи иҷтимоӣ ҷавоби мувофиқ пайдо намоем.
Барои ҳалли ин мушкилот таҳқиқи асосҳои консептуалии рушди шаклҳои бозории ташкили фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҳолат ба рушди бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ бояд аҳамияти махсус дода шавад, ки асоси онро баҳодиҳии хусусиятҳо, ҳолат ва рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт бо назардошти таъсири омилҳои объективӣ ташкил медиҳад.
Нақши афзоянда ва аҳамияти бозори хизматрасониҳои иҷтимоӣ бунёди воситаҳои муосири идоракунии иқтисодиёт, омӯзиши мушкилоти танзими фаъолияти субъектҳои бозор, таъсиси механизми танзими давлатии пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандон, инчунин, таҳия ва асосноксозии стратегияи азнавсозии иқтисодиёт дар ин соҳаро талаб мекунад. Марҳилаи муҳим дар таҳияи консепсияи нави рушди соҳаи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши назария ва амалияи ташаккул ва рушди системаи хизматрасониҳои иҷтимоию иқтисодӣ мебошад. Дар шароити гузариш ба бозори иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳимтарини омӯзиши муносибатҳои бозаргонии нав дар кишвар ошкорсозии моҳият ва муайян кардани тамоюлҳо дар рушди минбаъдаи соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад.
Бо ташаккули иқтисоди бозорӣ зарурати рушди соҳаи иҷтимоӣ, ки ҷавобгӯи талаботи муносибатҳои бозорӣ, ташаккули сохторҳо ва институтҳои нав мебошад, меафзояд. Ислоҳоти кунунӣ дар кишвар ва тағйироти пайваста дар муносибатҳои иқтисодӣ воқеияти ворид кардани дигаргуниҳоро дар низоми анъанавии таъминоти иҷтимоӣ асоснок менамояд. Суръатнокии мутобиқшавии соҳаҳои иҷтимоӣ ба қонунҳои иқтисоди бозаргонӣ асосан аз ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳолатҳои объективию субъективӣ вобастаанд, ки ҳангоми амалисозии онҳо бояд ба назар гирифта шаванд.
Дар шароити нави бозоргонӣ барои гузаштан ба бозор дастгирии молиявии соҳаи иҷтимоӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ аз рӯи принсипҳои иқтисоди омехта бо иштироки бахшҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, зарурати муайян кардани роҳу самтҳои гузариши соҳаи иҷтимоӣ ба муносибатҳои бозорӣ меафзояд.
Дар шароити фаъолияти муносибатҳои нави иқтисодӣ, ба ақидаи мо, равиши созишӣ, яъне ташкили иқтисоди бозории танзимшаванда самаранок мебошад, ки ҳалли мушкилоти рушди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар асоси муайянсозии механизми самараноки идоракунии он муайян карда мешавад.
Аҳамияти ин равиш ба он асос ёфтааст, ки бахши хизматрасонӣ бо қариб тамоми паҳлуҳои таъминоти аҳолӣ ва иқтисод, инчунин, ба зарурати рафъи омилҳои манфии рушди ин соҳа алоқамандии зич дорад. Сарфи назар аз баъзе дигаргуниҳои мусбӣ, ки дар ҷараёни тағйирёбии бозорӣ дар ҳолат ва динамикаи бахши хизматрасонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он ба амал омадаанд, аммо ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ паст боқӣ мондааст ва шумораи шуғлдорон аз 30,3 фоизи онҳое, ки дар иқтисодиёти миллӣ кор мекунанд, зиёд нест. Ислоҳи вазъият таҳия ва татбиқи сиёсати дақиқро барои рушди соҳаи хизматрасонӣ тақозо мекунад, ки асоси онро бояд амалисозии дигаргуниҳои сохторӣ, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани фарҳанги муносибатҳои бозаргонӣ ва тақвияти нақши омили инсонӣ дар тамоми соҳаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо ташкил диҳад.
Вале, дар шароити имрӯза, механизми самараноки рушди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ вуҷуд надорад, ки сабаби монеаи тағйироти зарурӣ дар ин соҳа буда, корхонаҳои соҳаро барои таъмини рушд ва беҳсозии сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона месозад. Дар бахши хизматрасонӣ сиёсати дақиқи иқтисодии соҳа таҳия карда нашудааст, дигаргуниҳои гузаронидашаванда хусусияти гуногуни номуайяниро доранд. Ҳамаи ин эҷоди механизми самараноки идоракуниро барои рафъи омилҳои манфӣ ва тақвияти омилҳои мусбии рушдро тақозо мекунад.
Дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, тадриҷан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ аз фаъолияти самараноки механизмҳои иҷтимоӣ ва сифати хидматрасонии иҷтимоии ба аҳолӣ пешниҳодшаванда вобастагӣ дорад.
Дар шароити ташаккул ва рушди муносибатҳои бозорӣ, соҳаи босуръат рушдёбандаи хизматрасонӣ ҳамчун ҷузъи муҳими рушди самараноки иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Аз нуқтаи назари мо, соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ асосан аз ҷиҳати иҷтимоию иқтисодӣ ва моддӣ тафсир карда мешавад. Таъминоти моддӣ нақш ва мавқеи соҳаи иҷтимоиро дар иқтисодиёти миллӣ инъикос намуда, шабакаҳои муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоиро дар бар мегирад. Таъминоти иҷтимоию иқтисодии соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ин як низоми муносибатҳои байни субъектҳои хоҷагидорӣ дар масъалаи пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошад.
Дар баробари ин, хизматрасониҳои зерини иҷтимоӣ мавҷуд аст: хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ташаккул ва рушди сармояи инсонӣ мусоидат мекунанд; дар марҳилаи хизматрасонӣ тағйироти назарраси объекти омӯхташаванда ба назар мерасад; хизматҳои иҷтимоӣ дар як вақт пешниҳод ва истеъмол карда мешаванд; мавҷудияти истифодаи бисёркаратаи самараи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар асоси татбиқи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (китобҳои электронӣ, усулҳо ва барномаҳои ташхиси тиббӣ); мавҷудияти равандҳои зиёди хизматрасониҳои иҷтимоӣ; хизматрасониҳои иҷтимоӣ ҳиснашаванда буда, вале натиҷаи онҳо неъматҳои ғайримоддиро ташкил медиҳанд; сифати неъматҳои ғайримоддӣ аз истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ вобастагии зич дорад; нақши бахши давлатӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ тақвият меёбад; самараи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар оянда ошкор карда мешавад; хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрисамаранок ҳисобида мешаванд, зеро онҳо аҳамияти иҷтимоӣ доранд; самаранокии хизматрасониҳои иҷтимоӣ аз худи истеъмолкунанда вобаста аст.
Бояд қайд кард, ки механизми идоракунии субъектҳои хоҷагидорӣ яке аз хусусиятҳои асосии соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ҳисобида мешавад. Ҳадафи механизми идоракунӣ таъсири самаранок ба фаъолияти корхонаҳо ва ташкилотҳои бахши хидматрасонии иҷтимоӣ ва ташаккули неруи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Механизми идоракунии соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ бояд чунин ҷузъҳоро дар бар гирад: иҷтимоӣ-иқтисодӣ, молиявӣ-сармоягузорӣ, илмию техникӣ, инноватсионӣ, экологӣ. Ҳамзамон, барои ташаккули механизми идоракунии соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ зарур аст, ки сохтори механизми танзими давлатии иқтисодиёти кишвар ва сохтори ин механизм аз ҷиҳати мазмун ва шакл аниқ карда шавад. Аз ҷиҳати мундариҷа, сохтори механизми рушди минтақаҳо шакли моликият, захираҳои табиӣ ва системаи молиявию кредитиро дар бар мегирад. Аз рӯи шакл сохтор ба меъёрӣ ва қонунгузорӣ тақсим мешавад.
Аз ин рӯ, сохтори умумии механизми идоракунии соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ вазифаҳо, принсипҳои идоракунӣ ва воситаҳои таъсиррасонӣ ба объектҳои идоракуниро дар бар мегирад.
Натиҷаҳои таҳқиқот нишон доданд, ки барои фаъолияти самараноки соҳаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ бояд вазифаҳое, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ танзим мекунанд, дақиқ муайян карда шаванд. Дар рушди соҳаи хизматрасонӣ инҳо ширкат меварзанд: сохторҳои минтақавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (ҳукуматҳо), аҳолӣ, системаи қарзию пулӣ, андоз, системаи молиявӣ, корхонаҳои шакли моликияташон гуногун.
Дар шароити имрӯза, соҳаи хидматрасониҳои иҷтимоӣ яке аз ҷузъҳои таркибии системаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳиссаи хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар иқтисодиёти миллии давлатҳои тараққикарда бештар ба назар мерасад. Аз ин рӯ, рушди хидматрасониҳои иҷтимоӣ ба инкишофи мутавозини сокинон мусоидат мекунад. Азбаски 2/3 аҳолии ҷумҳурӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд, рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва афзудани ҳиссаи он соҳа дар комплекси агросаноатии кишвар мусоидат менамояд. Натиҷаи рушди соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии ҳамаи қишрҳои аҳолиро ба назар мегирад.
Ба рушди муассири хизматрасонии иҷтимоӣ чунин омилҳои дохилӣ ва берунӣ таъсир мерасонанд: ба омилҳои берунӣ сохтори бозори ҷаҳонӣ, равандҳои демографӣ, равобити фарҳангӣ, ташкилӣ-иқтисодӣ, мавҷудияти базаи қонунгузорӣ дар намуди санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, идоракунии ҷараёни хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ташкили кори хизматрасонии иҷтимоӣ, танзими ҳуқуқӣ, равандҳои табиӣ-экологӣ ва ғайра дохил мешаванд; омилҳои дохилӣ илмӣ-техникӣ, иҷтимоӣ-демографӣ, низоми муҳандисӣ-техникӣ, ҳавасмандкунии иҷтимоӣ, имтиёзҳо ва ҳавасмандкунии инфиродӣ, вазъи молиявӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.
Дар айни замон, муносибатҳои байни буҷетӣ воситаи танзими дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошанд, аммо сарпарастии молиявии буҷетҳо, бо назардошти таъминоти онҳо, воситаи таъмини хизматрасонии ҳадди ақали иҷтимоӣ дар миқёси минтақавӣ мебошад.
Аз ин ҷо, муносибатҳои байни бӯҷетӣ як воситаи танзими дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ мебошанд, сарпарастии молиявии буҷаҳо бо назардошти таъминнокии онҳо ҳамчун воситаи таъмини ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ дар миқёси минтақаҳо ба шумор меравад.
Хулоса, хусусиятҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ ин ташаккул ва рушди сармояи инсонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, дар марҳилаи хизматрасонӣ, тағйироти назарраси объекти таъсиррасон амалӣ карда мешаванд, хизматрасониҳои иҷтимоӣ дар як вақт пешниҳод ва истеъмол карда мешаванд, самараи истеъмоли такрории хидматҳои иҷтимоӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ амалӣ мегарданд, хизматрасониҳои иҷтимоӣ хусусияти бисёртарафа доранд, хизматрасонии иҷтимоӣ низ ламснопазир буда, натиҷааш моли ғайримоддӣ ба ҳисоб меравад, вобастагии наздики сифати хизматҳои ғайримоддӣ аз истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда вуҷуд дорад, нақши бахши давлатӣ дар ҷараёни пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ тақвият меёбад, натиҷаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ барои рушди оянда нигаронида шудаанд, натиҷаҳои хидматрасониҳои иҷтимоӣ дорои самараи иҷтимоӣ мебошанд.
Р. ГУЛМУРОДЗОДА,
н.и.и., дотсенти кафедраи андоз ва суғуртаи ДДМИТ
