Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Мақолаҳо

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал...

Абуалӣ ибни сино (номи пуррааш Абуалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино) (980-1037) яке аз бузургтарин донишмандону пизишкони садаҳои миёна дар ҷаҳон, файласуф, кимиёдон, мантиқдон, физик, математик, равоншинос, мусиқишинос ва муаллими бузурги тоҷик аст.

Абуалӣ ибни Сино дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира)-и шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда, дар дарбори подшоҳ хизмат мекард. Аз ин рӯ, писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Абуалии наврас ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи олӣ дошт, ки дар синни чаҳор-даҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ оварда, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеч чизе намонда буд, то биомӯзад.

Абуалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри ӯ пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хоси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажуҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.

Осори Абуалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абуалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла, 23 асараш бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Асарҳои Абуалӣ аз ҷиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои бисёрҷилда иборат мебошанд. Масалан, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонул-араб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» (1000-1020) дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Мутаассифона, асари «Китобулинсоф», ки аз 20 ҷилд иборат буд, аз байн рафтааст. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Бояд гуфт, ки асарҳои мавҷудаи А. Сино, ки дар Ғарб бо номи Авитсенна машҳур аст, дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи XIX ҳамчун китобҳои дарсӣ таълим дода мешуданд.

Бисёре аз асарҳои А. Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гурӯҳ ҷудо намуд: асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ; асарҳо оид ба тиб; асарҳо доир ба илмҳои дақиқ ва асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат. Масалан, яке аз асарҳои бо забони тоҷикӣ навиштаи ӯ «Донишнома» («Донишномаи Алоӣ») мебошад, ки аз бобҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, ҳайат ва мусиқӣ таркиб ёфтааст. Ин асар шакли мухтасари китоби «Китобушшифо» мебошад, ки бо забони арабӣ иншо шудааст.

Дар ҳамаи ҳамаи фаслҳои ин асарҳои номбурда, ки асоси онҳоро асосан илмҳои тиб ва фалсафа ташкил медиҳанд, А. Сино тадқиқоти ҷиддии худро оид ба математика, астрономия ва физика ҷой додааст. Ӯ дар асараш «Китобуш-шифо» асари донишманди Юнони Қадим К. Птолемей «Алмаҷастӣ» (150-160)-ро мавриди таҳлил қарор дода, бо мақсади саҳеҳӣ ба он 10 иловаи геометриро оид ба параллакс пешниҳод намуда, дар фасли арифметикии ин китоб қоидаҳои ба квадрат ва куб бардоштанро нишон додааст. Дар фасли фалсафаи китоби мазкур асари «Ибтидо»-и Евклидро шарҳ дода, ба миқдори дискретӣ ва бузургиҳои бефосила, нуқта, хат, сатҳ ва ҷисм таъриф додааст. Инчунин, панҷ исботи тақсимоти ғайримаҳдуди фазоро, ки ба ақидаи атомистҳо муқобил буд, баён намудааст. Дар исботи панҷум оид ба физика А. Сино масъалаи расандагии параллелограммро, ки дар чор кунҷ сохта шуда, аз ду хати рости буранда ташкил ёфтааст, мавриди таҳлил қарор медиҳад. Муҳимияти тадқиқоти А. Сино дар ин асар он аст, ки ҳамаи ҷумлаҳои геометрӣ бо исботашон оварда шудаанд ва методҳои кории ӯ қисман аз методҳои тадқиқии Евклид фарқ мекунад.

Фаслҳои геометрии асари «Донишнома» 12 қисмро дар бар мегирад. Гарчанде, ки баёни ин фаслҳо ба «Ибтидо»-и Евклид монандӣ дошта бошад ҳам, аммо аз рӯйи мундариҷа аз ҳам фарқ мекунанд. Қисми якуми фасли геометрӣ ба буриши хатҳои рост дар ҳамворӣ ва фазо бахшида шудааст. Дар он намудҳои кунҷҳо муайян карда шудаанд. Агар Евклид асосҳои планиметрия ва стереометрия дар китобҳои гуногун (китобҳои 1 ва 11-и «Ибтидо» ҷой дода бошад, А. Сино ин асосҳоро дар як қисм ҷой додааст. Қисми дуюм оид ба параллелии хатҳои рост баҳс мекунад. Дар он Сино исботи постулати 5-уми худро пешниҳод кардааст: агар ду хати рост бо хати рости сеюм бурида шуда, суммаи кунҷҳои дохилии яктарафаи пайдошуда аз суммаи кунҷҳои рост хурд бошад, он гоҳ ин хатҳои рост параллел мебошанд. Ин ба постулати Евклид мухолиф буда, дар ривоҷи геометрияи ғайриевклидӣ ҳисса гузоштааст. Қисми сеюм хосиятҳои секунҷаҳоро дар бар мегирад. Қисми чорум ба сохтанҳои геометрӣ бо ёрии паргор ва хаткашак бахшида шудааст. Дар қисми панҷум сухан дар бораи чоркунҷаҳо меравад. Қисми шашум тадқиқи «Теоремаи Пифагор» ва алгебраи геометриро дар бар мегирад. Дар қисми ҳафтум геометрияи доира омӯхта шудааст. Дар қисми ҳаштум муносибати бузургиҳои геометриро назариявӣ таҳлил намудааст. Дар қисми нуҳум оид ба таносуби байни шаклҳои ҳамвор ва тарафҳои онҳо сухан меравад. Қисми даҳум таҳлили муносибати доиравиро дар бар мегирад. Қисми ёздаҳум ба сохтанҳои тарафҳои бисёркунҷаҳои мунтазами дарункашидашуда бахшида шудааст. Дар қисми дувоздаҳум стереометрия омӯхта шудааст. А. Сино дар ин қисм оид ба сфера ва куб сухан ронда, ба шаклҳои конус, пирамида ва пирамидаи секунҷа (пирамидаи рӯяҳояш секунҷа) таърифи умумӣ додааст. Ҳамаи ин дувоздаҳ қисм дар муқоиса бо «Ибтидо»-и Евклид таҳлил шудаанд. Бояд қайд кард, ки фасли астрономии «Донишнома» 9 қисмро фаро гирифта, асоси онро таҳлили асари К. Птоломей «Алмаҷастӣ» ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 1967 Ҷоизаи давлатии ба номи А. Синоро дар соҳаи илму техника таъсис дод.

 

А. КАБИРОВ,

н.и.ф.м., дотсенти кафедраи математикаи олӣ