Мақолаҳо
ФУРӮ РАФТАН БА ҶАҲОЛАТ АЗ БЕМАЪРИФАТИСТ!
Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳои навбатиашон қайд намуданд: «Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашадӣ ва ислоҳгаро, ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ман борҳо таъкид намуда будам, терроризм ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».
Эсктремизм ва терроризм яке аз мушкилоти доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, аз оғози асри ХХI давлатҳоро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст. Аз таҳдиди ин вабо бархе давлатҳо орому суботро гум кардаанд. Террористон гурӯҳҳои хурд бошанд ҳам, ба ҷомеа зиёни бузург мерасонанд. Онҳо дар сомонаву шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар роҳ ашхоси сустиродаро мағзшӯӣ намуда, баҳри пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои тундрав тарғибот мебаранд ва мутаассифона, аксар вақт муваффақ ҳам мешаванд. Тавре ишора рафт, терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест.
Он аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънои тарсро ифода менамояд. Ё ин ки дар луғати С.И. Ожегов омадааст, ки терроризм аз калимаи фаронсавӣ «terrorizer» гирифта шуда, маънои зӯроварӣ, даҳшат ва дар ҳолати тарсу ҳароси доимӣ нигоҳ доштанро ифода менамояд.
Экстремизм бошад, аз вожаи «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ дар фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштанро дар назар дорад.
Оид ба таърихи пайдоиши терроризм ақидаҳои муҳаққиқон гуногунанд. Касе гуфта наметавонад, ки якумин амалиёти террористӣ кай, дар куҷо ва бо кадом мақсад рух додааст.
Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсӣ, мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафканӣ мақсадҳои худро ба дӯши дигарон бор менамуданд. Тариқи васоити ахбори омма, радиову телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарӯза мебинему мешунавем ва огоҳ мегардем, ки дар аксари давлатҳо, аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Фаластин ва ғайра, ки мутаассифона, ҳамаашон исломӣ ҳастанд, амалҳои террористӣ боиси кушта шудани теъдоди зиёди одамон гардида, биноҳои маъмуриву хоҷагӣ ва истиқомативу таърихӣ валангор мегарданд ва хисороти зиёди ҷониву молӣ садди роҳи пешрафти давлатҳо гардида, баръакс, онҳоро ба инқироз расонда истодаанд. Ҳамакнун мебинем, ки нафаси наҳси ин бало ба давлатҳои Аврупо - Фаронса, Олмон, Дания, Англия ва ғайра расидааст.
Таври маълум, имрӯз амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон низ бамаротиб васеъ гардида истодааст. Бинобар ин, вазифаи мо - фаъолону олимони соҳаҳои гуногуни ҷомеаи маданӣ, тавзеҳ додани мафҳуму моҳият ва оқибатҳои фалокатбору даҳшатафкани ин амалҳои номатлуб ба насли наврасу ҷавон маҳсуб ёфта, дар роҳи дуруст тарбия намудани онҳост.
Мушкили дигари ҷойдошта дар замони ҳамгироии иқтисодӣ ин дуруст истифода накардани ҷаҳони технологияҳои муосир ба ҳисоб меравад, ки дар он шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд буда, гурӯҳҳои гуногуни мухолиф ва террористӣ бо истифода аз фурсат ҷавононро ба хурофотпарастию гумроҳӣ даъват менамоянд. Зимнан, надоштани маърифати баланди ҳуқуқӣ ва азхуд накардани илму дониш билохира омили дар чоҳи гумроҳиву хурофотпарастӣ ва торикию ҷаҳолат фурӯ мондани ин тоифа мегардад.
Тибқи моддаи 179 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳуми “терроризм” - содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдор, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молумулк, ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин, таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад.
Чӣ тавре ки муҳаққиқ Ҳ. Оралбаев қайд менамояд, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризмро ҳамчун кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молумулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, шарҳ медиҳад.
Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеа буда, мантиқан содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад.
Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Ба тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале, дар умум, чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳар ду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати парокандагӣ ва дар маҷмуъ, хатари аз байн бурдани сулҳу амниятро доро мебошанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллату давлате, ки пеши роҳи ин амалҳои номатлубро намегирад, оқибат ба парокандагию касодӣ меравад.
Бояд қайд намуд, ки ҷомеаи шаҳрвандии мо таҳти сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешгирии терроризм ва экстремизми динӣ талошҳои бесобиқа анҷом дода истодааст. Пас, мо иштирокчиёни ҷомеаи шаҳрвандиро мебояд, ки дар навбати худ, дар якҷоягӣ бо институтҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри пешгирии ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ чорабиниҳои илмӣ -тадқиқотӣ ва ташвиқотиро бештар намоем.
Фахриддин Убайдов,
декани факултети иқтисодиёти ҷаҳони ДДМИТ
