Хабарҳо
«ШОҲНОМА» - ОИНАИ ШАҲОМАТИ НИЁГОН
Рӯзи 26 сентябри соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили адабӣ ва озмуни донишгоҳии шоҳномахонӣ, зери унвони ««Шоҳнома» - оинаи шаҳомати ниёгон» доир гардид.
Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён ва меҳмонон: Ҷумъахон Ҷурахонзода - мудири шуъбаи ташкилии кор бо кадрҳо, Рухшона Каримзода - мудири шуъбаи кор бо занон ва Сино Шарипов - сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Маҳфилро Мастура Бӯриева - муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, аз аҳамияти безавол доштани «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ ва баъди ҳазор сол аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ гардидани заҳмату ранҷи беш аз сисолаи Пири ҳакимони Тӯс ёдовар гардид.
Мавсуф ба аҳли нишаст, бахусус, донишҷӯён хотиррасон намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодонамон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми хонадони мамлакат дастрас карда шавад.
Аз ҷумла, ин амри муҳим ва тадбири самарабахш аз ҳар яки мо тақозои онро дорад, ки дар баргузории озмуни шоҳномахонӣ, ки бо ташаббуси худи Пешвои миллат роҳандозӣ гардида истодааст, бояд масъулияти ҷиддӣ дошта бошем ва ин озмун дар сатҳи зарурӣ ва муассир баргузор карда шавад. Ба таъбири дигар, марҳила ба марҳила таъсири маҳбуби онро ба наслҳо ва хонандагони «Шоҳнома» эҳсос бояд кунем.
Дар тақвияти ин суханон, Ҷумъахон Ҷурахонзода - мудири шуъбаи ташкилии кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе афзуд, ки мақсади баргузории озмуни шоҳномахонӣ низ таҳкими худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавӣ ва тарғиби мутолиаи асарҳои бузурги классикӣ миёни ҷавонон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ гуфтаанд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст».
Дар пайравӣ бо иқдомоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе миёни донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ озмуни «Шоҳномахонӣ» гузаронида шавад.
Дар идома, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Нигина Сироҷова дар мавзуи ««Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ - шоҳкории беназир дар тамаддуни ҷаҳон» сухан ронда, дар бораи ҷойгоҳи «Шоҳнома» дар адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ, нақши он дар ҳифзи забон, таърих ва ҳувияти миллӣ суханронӣ кард.
- «Шоҳнома» ҳамосаи миллии мардумони ориёист, ки Ҳаким Фирдавсӣ онро солҳои 970-1005 дар муддати 30-35 сол навиштааст. Ҳамоса аз 60 ҳазор байт (120 ҳазор мисраъ) иборат аст ва бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон, ки ба қалами як шахс тааллуқ дорад, ба ҳисоб меравад, - афзуд нотиқ.
Дар озмун донишҷӯёни фаъол: Машраб Раҳимзода, аз факултети молия ва қарз, Гулчеҳра Сайдализода, аз факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Рукмина Меликзода, Дилноза Ҷаъфарова, Комрон Толибов, аз факултети ҳисобдорӣ ва омор, Мавҷуда Додоҷонова, Пайғом Туҳурзода ва Нигора Муҳиддинова, аз факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ширкат варзида, донишу истеъдоди худ ва маҳорати суханварию қироати ифоданокро аз достонҳои «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ҳузури ҳакамон намоиш доданд.
Ширкаткунандагон бо эҳсоси баланди миллӣ ва завқи адабӣ қиссаҳои қаҳрамонон - Рустам, Суҳроб, Сиёвуш ва дигар паҳлавононро қироат намуданд.
Дар охир гуфта шуд, ки озмуни донишгоҳии шоҳномахонӣ моҳи дар арафаи Рӯзи забон ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳои сазовор қадрдонӣ карда мешаванд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
