Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ЗАБОН - ЯК РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРӢ

ЗАБОН - ЯК РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРӢ

    Санаи 29 сентябри соли равон бо ибтикори мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии ДДМИТ Садриддин Шарипов бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки намояндагони раёсати ташкилию тарбиявӣ, доираи васеи устодон ва донишҷӯён таҳти унвони “Забон - як рукни давлатдорӣ” чорабинӣ доир гардид.

    Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов гуфт, ки забони тоҷикӣ таърихи беш аз 3000-сола дорад ва давраҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст.

     - Олимону донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки дар таърихи тамаддуни башар тоҷикон ҳамчун халқи ориёнажод ва яке аз миллатҳои қадимтарин ба ҳисоб мераванд. Забони тоҷикӣ бошад, аз ҷумлаи забонҳои куҳантарини олам маҳсуб меёбад, - афзуд декан.

    Сипас, Мавҷуда Давлатова - сармутассиси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ ва Фаридулло Убайдулло - мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ қайд намуданд, ки забони модарии мо дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурфоҷеаро тай намуда, забони сӯфтаву шоирона гардидааст. Ҳамасола 5-уми октябр дар қаламрави Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад, ки гувоҳи қадрдонии ин ганҷинаи миллат мебошад.

    Дар охир донишҷӯи курси чоруми итисоси иқтисоди ҷаҳон Нурҷаҳон Шоискандарова дар мавзуи “Забон - ҳастии миллат” маъруза кард. Донишҷӯёни дигар бошанд, дар бораи мақому манзалати шевои забони ноби тоҷикӣ шеъҳо қироат намуданд.

 Тағоймурод Эшзода