Хабарҳо
ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР
Рӯзи 30-юми сентябри соли 2025 бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар шароити муосир» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардид.
Конференсияро мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Гулпарӣ Ҳусейнова ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар шароити рушди босуръати ҷаҳони муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ масъалаи баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дорои аҳамияти махсус мебошад. Ин масъала барои тамоми ҷаҳони муосир, хусусан барои мо - омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, аҳамияти хеле калон дорад. Забон на танҳо воситаи муошират, балки калиди фаҳмиши фарҳангҳо, рушди ҳамкориҳои илмӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мебошад.
- Омӯзиши забони англисӣ дар замони муосир ба яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар табдил ёфта, дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ дода, дар паёму суханрониҳояшон пайваста омӯзиши забонҳои русиву англисиро таъкид менамоянд. Сарвари давлат бунёди маорифи миллиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат дониста, ғамхорӣ нисбат ба маорифро сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи Ватан номиданд, - афзуд Г. Ҳусейнова.
Ба андешаи баромадкунанда, дар ҷаҳони глобалӣ, донистани забонҳои хориҷӣ имкониятҳои васеъ барои таҳсил, кор ва рушду пешравӣ фароҳам меорад. Омӯзиши забон воситаи муҳими баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисон дар бозори меҳнат ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар идома, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забонҳои хориҷии АМИТ Парвонахон Ҷамшедов дар мавзуи "Ҳадафи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар марҳилаи ҳозира" маъруза карда, иброз дошт, ки ҳадафи омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар марҳилаи ҳозира чанд самти муҳимро дар бар мегирад: муоширати байналмилалӣ, дастрасӣ ба маълумоти ҷаҳонӣ, рушди касбӣ ва иқтисодӣ, таъмини ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи илм ва маориф, пайвастан ба фарҳанги ҷаҳонӣ, таҳкими ҷаҳонбинии шахсӣ ва омодагӣ ба зиндагӣ дар ҷомеаи глобалӣ.
- Ҳадафи асосии омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар марҳилаи ҳозира - тайёр кардани мутахассисони дорои ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти рақобатпазир ва омода ба ҳамкории байналмилалӣ мебошад, - хулоса намуд ӯ.
Ҳамзамон, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Абдусалом Маҳмадназаров дар мавзуи «Тарҷуманопазирӣ ва баъзе вижагиҳои тарҷума, аломатҳои китобат ва феҳрасти адабиёт дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ» муфассал баромад намуд.
Дар идома, Токарев Григорий Валерьевич - д.и.ф., профессор, мудири кафедраи стилистикаи забони русӣ ва ҳуҷҷатнигории Донишгоҳи давлатии педагогии Тула ба номи Л.Н. Толстой дар мавзуи: «Роҳҳои ҳавасмандгардонии омӯзиши забон», Приходько Елена Валерьевна - муаллими Коллеҷи педагогии Кузбасси вилояти Кемерово дар мавзуи «Рушди салоҳиятҳои муаллимони оянда бо истифода аз омӯзиши рақамӣ» ба таври маҷозӣ маъруза намуданд.
Инчунин, коромӯз ва ҳамкори ДДМИТ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой Ҷи Ша Шин дар мавзуи "Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир", Рухшона Сафарова - н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи: «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир» ва Дилрабо Султанова - номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти кафедраи забони русии ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи: «Таҳаввули ифодаи воҳидҳои фразеологии феъл дар забони тоҷикӣ» баромад карданд.
Тибқи маълумоти масъулини соҳа, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ ва русӣ, имкониятҳои васеъро барои иштироки донишҷӯён дар барномаҳои байналмилалӣ, таҳсили минбаъда дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва татбиқи ҳамкориҳои илмӣ фароҳам меорад.
Тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯёни кишвар ҳамчун мутахассисони рақобатпазир ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ ворид гардида, нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро дар арсаи илм ва маориф боз ҳам таҳким бахшанд.
Ҳамин тавр, конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар сатҳи олӣ доир гашта, барои рушди насли ҷавон манфиатбахш баҳогузорӣ карда шуд.
Дар фарҷом аз тарафи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
