Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДОНИШҶӮЙИ ДДМИТ ҒОЛИБИ ҶОЙИ АВВАЛИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

ДОНИШҶӮЙИ ДДМИТ ҒОЛИБИ ҶОЙИ АВВАЛИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»

     Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд ва номи ДДМИТ-ро баланд мегардонанд.

     Инак, рӯзи 29-уми сентябри соли равон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” аз рӯйи ҳашт номинатсия баргузор гардид. Дар он Абдуназаров Дилшод - донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси 1-96-01-01 - хадамоти гумруки факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодии ДДМИТ фаъолона иштирок намуда, шарафи донишгоҳро боз ҳам баланд бардошт.

     Дар натиҷа, Абдуназаров Дилшод соҳиби ҷойи якум ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ, диплом ва шоҳҷоизаи номинатсияи география гардид.

     Бояд қайд намуд, ки номбурда зери роҳбарии Озодбахт Садриддинов, муаллими Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе омодагии ҷиддӣ дида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифт.

-        Ба бахти мо - донишҷӯёни соли аввал дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Бо вуҷуди факултети навтаъсис будан дар он шароитҳо таълим пурра муҳайёст, зеро қаблан низ донишгоҳ дорои базаи хуби таълимӣ ва ихтисосҳои роиҷ дар ин самт буд. Хушбахтона, дар факултет як озмоишгоҳи гумрукӣ фаъолият менамояд, ки барои ихтисосҳои хадамоти гумрук бо воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳаз гардидааст, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

      Лозим ба ёдоварист, ки ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.

     Дарвоқеъ, эълон намудани ин озмуни ҷумҳуриявӣ омӯзгоронро водор месозад, ки бештар ба илм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сафи донишҷӯёни болаёқат ва олимони ҷавонро зиёд ва иштироки бештарро дар озмун таъмин намоянд.

     Абдуназаров Дилшод хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 130-и н. Фирдавсии пойтахт буда, соли ҷорӣ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарёфти 274 бал ба таври буҷавӣ донишҷӯйи ДДМИТ шуд ва аз интихоби хеш розист. Мехоҳад пас аз хатми донишгоҳ чун мутахассиси самти гумрукии назорати сарҳадот кору фаъолият намояд.

 Шуъбаи иттилоот ва нашрия