Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

     30 сентябри соли равон бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷўён дар толори таълимии факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии донишгоҳ дарси тарбиявӣ таҳти унвони “Коррупсия - омили номатлуби ҷомеа” доир гардид.

     Омўзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва муқовимат бо коррупсияи донишгоҳ Хисрав Абурозиқов оид ба мубориза бо ришваситонӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, тартиботи дохилидонишгоҳӣ, ташкили маҳфилҳои тарбиявӣ байни донишҷӯён, худдорӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромад намуд.

     Сипас, дар мавриди супоришҳое, ки дар вохўрии судманд бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20-уми сентябри соли 2025 дар донишгоҳ баргузор гардид, изҳори андеша карда шуда, кураторони гурӯҳҳои академиро вазифадор карданд, ки супоришҳои мазкурро дар гурўҳҳои худ баррасӣ намоянд.

Дар анҷом аз тарафи иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия