Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ДАЪВАТ БА ЗИРАКИИ СИЁСӢ ВА АХЛОҚИ ШОИСТА

ДАЪВАТ БА ЗИРАКИИ СИЁСӢ ВА АХЛОҚИ ШОИСТА

    1-уми октябри соли равон дар маҷлисгоҳи факултети молия ва қарзи ДДМИТ бо иштироки мутахассиси бахши ҳуқуқи донишгоҳ Наҷибуллои Сайвалӣ дарси тарбиявӣ доир гардид. Муҳтавои чорабиниро вохӯрии намояндагони Раёсати КДАМ дар шаҳри Душанбе бо ҳайати кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки санаи 20 сентябри соли 2025 баргузор гардида буд, дар бар гирифт.

    Сараввал, декани факултет Баҳодур Ҷӯрахонзода муҳим будани ин гуна дарсҳоро барои устодон ва донишҷӯён махсус таъкид карда, гуфт, ки дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.

     Сипас, Наҷибуллои Сайвалӣ дар бораи хатарзо будани пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, оқилона истифода бурдани шабакаҳои интернетӣ, дурӣ аз таблиоти бегона, савдои одамон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва зӯроварӣ дар оила изҳори андеша намуд. Номбурда, ҳамчунин таъкид дошт, ки дар замони муосир ҷавонон, бахусус донишҷӯён бояд ҳушёру зирак бошанд ва бештар ба ҷустуҷӯи илм рӯ оваранд.

Дар анҷом оид ба масъалаҳои баррасишуда муҳокима сурат гирифт.

 Тағоймурод Эшзода