Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ЗАБОН - ҲАСТИИ АВВАЛИ КОХИ МИЛЛАТ

ЗАБОН - ҲАСТИИ АВВАЛИ КОХИ МИЛЛАТ

     Рӯзи 2 октябр бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, дар ҳамбастагӣ бо Раёсати корҳои ташкиливу тарбиявӣ ва факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Забон - ҳастии аввали кохи миллат” баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини раиси ноҳияи Сино Ситора Сафарализода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳия Шаҳло Ҳасанзода, шоира Шаҳрия Адҳамзод, собиқадори меҳнат, номзади илмҳои филологӣ Гавҳар Умарова, муовини ректори ДДМИТ оид ба тарбия Шаҳноза Ғаффорова, устоди донишгоҳ Ҷумъа Махшул, фаъолзанон, раисони шуроҳои занони маҳаллаву ҷамоат ва бахши кор бо занони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди ноҳия иштирок доштанд.

     Муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора Сафаралӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба мақом ва эҳтиром ба забони давлатӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат сухан гуфт.

Сипас, иштирокчиён андешаҳои худро дар бораи мақоми забони давлатӣ ва эҳтироми он баён карданд.

     Гуфта шуд, ки танҳо баъди қабули эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди забони тоҷикӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба мақоми роҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом доштанд.

    Дар идома аз ҷониби донишҷӯёни факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ саҳначаи тарбиявӣ ва ба меҳмонон гулҳо тақдим гардид.

    Дар охир ба якчанд нафар фаъолони ноҳия барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар татбиқи сиёсати гендерӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ, корҳои ободониву созандагӣ, ҳамкориҳои мутақбилан судманд ва саҳми назаррас дар тарғибу ташвиқи анъанаҳо ва суннати ниёгон ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия