Хабарҳо
ДАРЁФТИ ЧЕҲРАҲОИ НАВУ МУВАФФАҚ ДАР МАҲФИЛИ «ДУРАХШИ ИЛМ»
Рўзи 9-уми октябри соли равон бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ нахустҷаласаи Шурои рушди илм ва инноватсионии донишҷӯёни ДДМИТ, таҳти унвони маҳфили «Дурахши илм» доир гардид. Нахуст, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Саидакмал Мирсаидов ин иқдомро шоистаи дастгирӣ дониста, иброз дошт, ки маҳфили мазкур бо дастури ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва ибтикори раёсати илм ва инноватсия бо мақсади ташаккули тафаккури зеҳнии донишҷўён ташкил ёфтааст. Зеро донишҷӯён дар баробари таҳсил, бояд дар раванди таълим иштирок намуда, ба корҳои илмӣ ҷалб карда шаванд. Маҳз илм имкон медиҳад, ки ҳар як толибилм қобилияти нутқи худро ташаккул дода, андешаву афкорашро аз лиҳози илмӣ асоснок ва пешниҳод намояд.
С. Мирсаидов бо ёдоварӣ аз суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова намуд: «Дар замони мо, ки рушди босуръату бесобиқаи илму дониш, техникаву технологияҳо ва бахусус, зеҳни сунъӣ хусусияти барҷастаи он мебошад, донишомӯзӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст».
Дар тақвияти ин гуфтаҳо, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов афзуд, ки бо супориши ректор аз тамоми маҳфилҳои донишҷӯёни назди кафедраҳо донишҷӯёни фаъол, нафароне, ки тавонанд дар оянда дар озмунҳо, маҳфилҳо, чорабиниҳои илмӣ, семинару форумҳои донишҷӯён иштирок кунанд ва нуфузи донишгоҳро дар дилхоҳ чорабиниҳои илмӣ баланд бардоранд, ҷамъ оварда шудааст.
- Маҳфили “Дурахши илм” яке аз ташаббусҳои илмиву маърифатӣ баҳри донишҷӯён мебошад, ки бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва бедор кардани завқи таҳқиқи ҷавонон таъсис ёфтааст. Дар ҷаҳони муосир, ки илм омили асосии пешрафти ҷомеа ва давлат ба шумор меравад, маҳфили “Дурахши илм” кӯшиш мекунад, ки миёни донишҷӯён муҳити дӯстдорони дониш, таҳқиқ ва навовариро ба вуҷуд оварад, - гуфт Қ. Муқимов.
Ҳамчунин, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова сухан ронда, дар навбати худ иброз дошт, ки илм ва маориф самти муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, рушди пояҳои иҷтимоӣ аз соҳаи маориф вобастагии калон дорад.
Дар идома донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010403 - андоз ва андозбандӣ Меҳрдиёр Мавлонов дар мавзуи «Вазъи низоми андоз ва маъмурикунонии он дар шароити рақамикунонӣ» маъруза кард.
Ба андешаи нотиқ, маъмурикунонии андоз дар рушди соҳибкории хурду миёна нақши калон бозида, ба таъмини иҷрои даромадҳои буҷети давлатӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоӣ равона гардидааст.
Андоз пардохти ҳатмӣ мебошад, ки онро шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси муқаррароти Кодекси андоз ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи кишвар ба буҷети умумидавлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ ворид менамоянд. Моҳияти иқтисодии андоз ин аст, ки давлат ба воситаи истифодаи ин фишанги иқтисодӣ як ҳиссаи муайяни даромади давлатро дар шакли марказонидашуда ҷамъоварӣ намуда, ба ин васила хазинаи давлатро ғанӣ мегардонад.
Дар интиҳои маҳфил хулосабарорӣ карда шуд, ки маҳфили «Дурахши илм» ҳар моҳ се маротиба баргузор гардида, масъалаҳои муҳими илмӣ, навовариҳо ва таҷрибаҳои муфидро баррасӣ менамояд.
Дар охир мубоҳиса ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
