Хабарҳо
ПИРЎЗИИ ДОНИШҶЎИ ДДМИТ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Мустафо Забиров, донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ дар сабқати байналмилалии вазнабардории “Устоз ва шогирд”, ки аз 1-ум то 10-уми октябри соли равон дар варзишгоҳи миллии шаҳри Самарқанд баргузор шуд, дар вазни 55 кило соҳиби ҷойи аввал гардид.
Бояд қайд кард, ки дар ин чемпионати байналмилалӣ намояндагон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо ҳам рақобат намуданд.
Мустафо Забиров соли 2024 ду дафъа ба гирифтани унвони Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардида, таҳти роњнамоии устодонаш Асомиддин Сангов ва Беҳрўз Шарифзода тамрин менамояд.
Ӯ ба Чемпионати байналмилалие, ки охири моҳи ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, роҳхат гирифтааст.
Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт: - «Мехоҳам дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо пирӯзиҳои варзишии худ на танҳо номи ДДМИТ, балки нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боз ҳам боло бардорам».
Бояд қайд кард, ки Мустафо Забиров бародари Исломиддин Абдуллозода, донишҷӯйи курси 3-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор, ғолиби чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.
Мо Мустафо Забировро бо ин пирӯзиаш табрик гуфта, барояш муваффақият таманно менамоем.
Тағоймурод Эшзода
