Хабарҳо
Терроризм ва коррупсия вабои аср
Дар толори таълимии донишгоҳ 10-уми октябри соли равон мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи садорати факултети ҳисобдорӣ ва омор бо иштироки мутахассиси бахши ҳуқуқи донишгоҳ Наҷибуллои Сайвалӣ, сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов, сармутахассиси раёсати номбурда Мавҷуда Давлатова, мудирони кафедраҳо ва донишҷўён таҳти унвони “Терроризм ва коррупсия вабои аср ба амнияти ҷаҳон” ҳамоиши сиёсӣ доир гардид.
Зимни баромад декани факултет Ёрибек Тилабов таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир, инсоният бо як қатор мушкилот ва таҳдидҳои глобалӣ рӯ ба рӯ гаштааст, ки яке аз ҷиддитарин ва хатарноктарини онҳо экстремизм ва терроризм мебошанд. Ин зуҳуроти манфӣ, ки бо истифода аз зӯроварӣ, таҳдид ва тарсондан дар ҷомеа паҳн мешаванд, на танҳо амнияти миллиро зери хатар мегузоранд, балки суботи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалиро низ халалдор месозанд.
Ҳамчунин, коррупсия низ яке аз мушкилоти глобалӣ ва аслии рушду тараққиёти ҷомеаи муосир мебошад, ки ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ ва бахшҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Ин амал, ки маънои истифодаи салоҳияти хизматӣ барои фоидаи шахсӣ ва ё гирифтани манфиатҳои ғайриқонунӣ дорад, ба поймолшавии адолат, паст шудани эътимоди мардум ва суст шудани рушди устувори ҷомеа оварда мерасонад.
Баъдан, Наҷибуллои Сайвалӣ, Сиёвуш Ҳабибов ва Мавҷуда Давлатова дар бораи мубориза бо ришваситонӣ, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, худдорӣ аз таълимоти ғайриқонунии динӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам баромади пурмуҳтаво намуданд.
Экстремизм бошад, ба маънои умумӣ, пайравии тундравона аз идеяҳо ё ақидаҳое мебошад, ки бар зидди тартиботи мавҷуда баромада, барои татбиқи онҳо омодаанд аз ҳар гуна зӯроварӣ истифода кунанд. Экстремизм метавонад сиёсӣ, динӣ, этникӣ ё фарҳангӣ бошад. Дар бисёр ҳолатҳо, экстремизм ба терроризм роҳ мекушояд.
Шаҳрвандони кишвари азизамон бояд донанд, ки даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ҳамеша бар зарари ҷамъияти мо анҷом меёбанд. Коррупсия низ дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Набояд фаромӯш кард, ки коррупсия дар баробари дигар хатарҳои ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои глобалӣ табдил ёфта, он ба раванди иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва мафкураи инсоният таъсири манфӣ мерасонад.
Дар анҷом оид ба масъалаҳои баррасишуда муҳокима сурат гирифт.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия
