Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ОМӮЗИШИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ

ОМӮЗИШИ НИЗОМИ КРЕДИТИИ ТАҲСИЛОТ

     10-уми октябри соли равон кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори факултети ҳисобдорӣ ва омор барои донишҷӯёни курсҳои 1 дар мавзуи “Омӯзиши низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари омӯзиши илмӣ-методӣ доир намуд.

. ки дар он доктор (PhD), муаллими калони кафедра Музаффар Ҳалимзода ба таври муфассал баромад намуд.

     Нахуст, мудири кафедра Кӯҳзод Шодиев оид ба мафҳумҳои асосӣ, аз ҷумла, тақвими академӣ, даври академӣ, қарзи академӣ, фарқияти академӣ, озодии академӣ, сафарбаршавии академӣ, дараҷаи академӣ, бакалавриат, магистратура, докторантура (PhD), фанҳои ҳатмию интихобӣ ва барномаи кории фан (силлабус), ки дар Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, сухан ронд.

     Сипас, Музаффар Ҳалимзода оид ба низоми холдиҳӣ-рейтингӣ, имтиҳони фосилавӣ, имтиҳони ниҳоӣ, кори мустақилонаи донишҷӯ (КМД), кори мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор (КМРО), таҷрибаомӯзӣ, холи миёнаи умумӣ, маълумотномаи академӣ, маводи фаъоли тақсимшаванда, номнавис шудан ба фанни таълимӣ, маҷмуи маводи таълимӣ-методии ихтисос, маҷмуи маводи таълимӣ-методии донишҷӯ, ифодаи ҳуруфии баҳои донишҷӯ ва эквиваленти ададии он ва тарзи ҳисоби холи умумии миёнаи донишҷӯ дар чоряк дар шакли слайд нишон дода, моҳияти онро ба донишҷӯён расонид.

     Гуфта шуд, ки низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбї бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгў, сафарбар намудани донишҷўён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.

     Дар ҷамъбасти семинари омӯзишии илмӣ-методӣ ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои мушаххас дода шуданд.

 

Тағоймурод Эшзода