Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

НАҚШИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ОМОРИ ДАВЛАТӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Таҳти ин унвон рӯзи 20-уми октябри соли равон дар ДДМИТ бо ташаббуси кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори факултети ҳисобдорӣ ва омори донишгоҳ бахшида ба Рӯзи омори ҷаҳонӣ семинари илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултет Ёрибек Тилабов ва мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор К. Шодиев дар бораи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат доир ба масъалаҳои пешрафти соҳаи омор ва нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъоварии маълумоти оморӣ барои қабули қарор дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодӣ, фазои сармоягузорӣ ва сари вақт паҳн намудани маълумоти боэътимоди оморӣ аҳаммияти хоса дорад.

Сипас, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ Қутбиддин Муқимов оид ба нақши омори давлатӣ ба рушди иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Сардори Раёсати омори саноат ва сармоягузориҳо дар сохтмони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Асматбегзода дар мавзуи «Низоми омори миллӣ» оғоз намуд. Номбурда қайд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат низоми омори миллии кишвар беҳбудӣ касб намудааст. Илова ба ин, рушди устувори иқтисоди миллӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодии мамлакат тавассути пешниҳоди муътамаднокии маълумотҳои оморӣ арзёбӣ мешаванд. Зеро, омор дар ҷаҳони муосир яке аз воситаҳои асосии идораи вазъи иҷтимоию иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад. Маълумоти оморӣ асосноккунандаи сиёсати давлат, таҳқиқоти илмӣ ва дарёфти роҳҳои рушду дигаргунсозии вазъи иҷтимоию иқтисодии мамлакат арзёбӣ мегарданд ва мақомоти омори давлатӣ пайваста ба таъмини эътимоднокии маълумотҳои оморӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Дар навбати худ, д.и.и., профессори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор Рустам Қудратов оид ба нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат, сохтмон ва таҳқиқотҳои нархи фурўши маҳсулот дар бозорҳо, буҷаи хоҷагии хонавода, хоҷагиҳои аҳолӣ дар соҳаҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ ибрози андеша намуд.

Дар семинар, инчунин, оид ба принсипҳои асосии ташаккули омори давлатӣ, сохтори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, ҳадафҳои асосии омори давлатӣ, вазифаҳои Агентии омор, низоми омори миллӣ, иртибот бо васоити ахбори омма, низоми автоматикунонии китобҳои хоҷагӣ ва тарзи ҳисоб кардани индекси нархҳои истеъмолӣ аз ҷониби мутахассиси соҳа таҳлилҳои ҷолиб карда шуд.