Хабарҳо
ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ-СИЁСИИ СУДМАНД
20-уми октябр дар факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ бо ташаббуси кафедраи иқтисоди рақамӣ ва логистика дар мувофиқа бо раёсати корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ дар мавзуи “Муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
Сараввал декани факултет София Темурбекова қайд кард, ки Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тақозои рушди ҷомеа ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова андешаҳои хешро оид ба муҳиммияти қонуни мазкур изҳор намуда, қайд кард, ки мақсад аз қабули ин қонун ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, зоҳирпарастӣ ва исрофкорӣ ҳангоми баргузор намудани ҷашну маросим, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, пешгирии воридшавии унсурҳои бегона ва ғайримиллӣ ба анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон, аз байн бурдани хурофот ва амсоли инҳо ба ҳисоб меравад.
Баъдан, ҳуқуқшиноси Муассисаи давлатии Пажуҳигоҳи илмӣ-таҳқиқотии молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хурсандмурод Мирзозода гуфт, ки барои дар ҳаёт татбиқ намудани Қонун «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама, маданияти баланд, рафтор, тартиб, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ зарур аст. Дар баробари кӯшиш барои ободии Ватан ва эҳтироми калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгон ба иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо аҳамияти хоса бояд зоҳир кард.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи иштирокчиён саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Тағоймурод Эшзода
