Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Бахшида ба Рӯзи иттифоқи касаба

Бахшида ба Рӯзи иттифоқи касаба

Рӯзи 21 октябри соли 2025 дар маҷлисгоҳи Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касаба - 24 октябр таҳти унвони «Нақши Иттифоқи касаба дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ» бо иштироки фаъолони ташкилоту муассисаҳои иттифоқи касабаи соҳа ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангқӣ баргузор гардид.

Дар он Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳамсафон иштирок ва суханронӣ карданд.

Аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон як гурӯҳ устодон бо роҳбарии раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯёни ДДМИТ Бойниёз Ниёзов иштирок намуданд.

Дар ҳамоиши мазкур фаъолони иттифоқи касабаи соҳа бо нишони сарининагӣ, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ гардидаанд.

Дар охир ҳунармандон хотираи ҳозиринро бо чанд суруди дилнишин шод гардониданд.