Хабарҳо
ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»
Шоми 24-уми октябри соли равон дар ДДМИТ маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» доир гардид.
Нахуст, ректори донишгоҳ Бобоҷон Сатторзода ширкаткунандагон ва ғолибони озмуни мазкурро аз номи раёсат самимона хайрамақдам гуфта, чунин изҳор дошт:
- Ҳамаи Шумо аз ташриф ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардид, бардошти неку хотирмон бо худ гирифтаед. Зеро миёни ҳазорон нафар донишҷӯён маҳз Шумо роҳхат барои иштирок дар озмуни сатҳи ҷумҳуриявиро дарёфтед, ки ин худ баёнгари як пирӯзиву муваффақият мебошад.
Ҳамзамон, Шумо намояндагони як насли хушбахте мебошед, ки зери сиёсати хирадмандона, дурандешона, ҷавонпарварона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳо ҷиҳати омӯзиши донишу илми муосир ва рушди шахсиятатон дар ҷомеа муҳайё гардидааст, - гуфт ректор.
Ба андешаи Бобоҷон Сатторзода, ДДМИТ бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ташаккули маърифати илмиву инноватсионӣ, иттилоотиву технологӣ ва саҳмгузорӣ дар амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, инчунин, эълон гардидани “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” минбаъд низ ҷиҳати баргузории чунин озмунҳо ташаббусҳои наву самарабахшро амалӣ мегардонад.
Хурсандиовар низ ҳаст, ки сол то сол шумораи иштироккунандагони озмун зиёд мегардад. Имсол аз 22 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 35 нафар дар озмуни мазкур иштирок карданд. Соли оянда ду номинатсияи дигар дар самти илмҳои математика ва экология ба Озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин барномасоз” илова карда мешавад. Зеро ба ин восита, метавон баҳри амалӣ намудани ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба обу иқлим ва баланд бардоштани донишҳои дақиқ дар зеҳни насли ҷавон саҳмгузорӣ намуд.
Дар идома ректори ДДМИТ ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ҷиҳати иштироки донишҷӯёни худ дар ин озмун мусоидат намуданд, инчунин, ба аъзои ҳакамони озмун миннатдорӣ карда, ба онҳо Сипоснома тақдим намуд.
Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» ба сарпарастон - муассисаҳои молиявии ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК «Алиф Бонк», ҶСП «Душанбе Сити Бонк», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ва КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Сипосномаи донишгоҳ супорида шуд.
Ҳамин тавр, озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» дар ду номинатсия: технологияҳои иттилоотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба автоматикунониии зерсохторҳои МТОК ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
ҒОЛИБОНУ ҶОИЗАДОРОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»
Озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» дар ду номинатсия: технологияҳои иттилоотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба автоматикунонии зерсохторҳои МТОК ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар номинатсияи барномасозӣ Бинёмин Афроимов, донишҷӯи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ, соҳиби ҷойи 1-ум бо Диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ мукофотонида шуд. Ҷойи 2-юм насиби Шокирӣ Муҳаммадризо Асрориддин, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Сомон Усмонзода, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, бо Диплом ва 3000 сомонӣ, ҷойи 3-юм насиби Назирҷон Тилабов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Шуҳрат Абдуқодиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо Диплом ва 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Дар номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣ бошад, ҷойи 1-ум сазовори Анушервон Исматов, донишҷӯи ДМТ, бо Диплом ва 5000 сомонӣ, ҷойи 2-юм насиби Шаҳбоз Мирзоев, донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Юсуфҷон Абдушаҳидов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, бо Диплом ва 3000 сомонӣ ва барои ҷойи 3-юм Шаҳром Шоҳимардонов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Умар Умаров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бо Диплом ва 1500 сомонӣ мукофотонида шуданд.
Ҳамзамон, ба аъзои ҳакамон ва устодон Сипосномаи раёсати ДДМИТ супорида шуд.
Ҳамин тавр, озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид.
Дар баробари ин, барои ишғол намудани ҷойи ифтихорӣ аз рӯйи номинатсияи лоиҳаи инноватсионӣ Азизов Сиёвуш, донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муҳаммадрофеъ Ёрзода, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, аз рӯйи номинатсияи барномасозӣ бошад, Шоҳмансур Каримов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Исмоилҷон Абдураҳмонов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон, ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, бо Ифтихорномаи ДДМИТ сарфароз гардонида шуданд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
ШОМИ ХОТИРМОНИ ФАРҲАНГӢ
Шоми 24-уми октябри соли 2025 қабл аз маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» аз ҷониби ансамбли «Ҷавонӣ»-и ДДМИТ барномаи фарҳангиву фароғатӣ иборат аз рақсу суруд ва мусиқии дилчасп ва саҳначаҳои ҷолиби инъикоскунандаи ватандӯстӣ ва суруру ҷавонӣ пешкаши ғолибон ва ширкаткунандагон гардонида шуд.
ҚАДРДОНИИ САРПАРАСОНУ САҲМГУЗОРОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»
Ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода ба роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ҷиҳати иштироки донишҷӯёни худ дар ин озмун мусоидат намуданд, инчунин, ба аъзои ҳакамони озмун миннатдорӣ карда, ба онҳо Сипоснома тақдим намуд.
Ҳамзамон, барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» ба сарпарастон - муассисаҳои молиявии ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон”, ҶСК «Алиф Бонк», ҶСП «Душанбе Сити Бонк», ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» ва КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Сипосномаи донишгоҳ супорида шуд.
